Миср ва Анҷумани кишварҳои арабӣ дар ҳамоиши Душанбе ширкат мекунанд

© Sputnik Амир ИсаевФаввораҳои Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Фаввораҳои Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Беш аз 70 кишвар бо нахуствазирон ва вузарои зирабт ва 50 созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ дар ҳамоиш ширкат мекунанд.

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Миср ва Анҷумани кишварҳои арабӣ алаккай намояндагони худро ба ҳамоиши Душанбе барои натоиҷи даҳсолаи Байналмиллалии "Об барои ҳаёт" эъзом кардаанд, менависад хабаргузории "Ховар".

Ҳамоиши оби сатҳи баланд 9-11 июн баргузор мешавад.

Ҳай]ати Миссро дар ин ҳамоиш вазири захойири об ва обёрӣ Хусам Муназӣ раҳбарӣ мекунад, зикр кардааст хабаргузорӣ. Мудирияти Анҷумани кишварҳои арабиро мудири Маркази пажӯҳишии масоили об ва амнияти оби арабӣ Шуҳра Қасиа намояндагӣ мекунад.

Э. Рахмон на встрече с представителями ООН 9 февраля 2015 года - Sputnik Тоҷикистон
Баҳои мусбати Э. Раҳмон ба СММ

Дар ҳамин ҳол? Душанбе ба нахуствазири Покистон Навоз Шариф низ барои ширкат дар ин ҳамоиш даъватнома ирсол кардааст, менависад CA-News.

"Умедворам ки вай низ дар ин ҳамоиш ширкат мекунад", — гуфтааст сафири Тоҷикистон дар Покистон Шералӣ Ҷононов дар нишасти хабарӣ дар Исломобод.

То ҳол беш аз 70 кишвар бо нахуствазирон ва вузарои зирабт ва 50 созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ ширкати худ дар ин ҳамоишро таъйид кардаанд.

Ин ҳамоишро раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва дабири кулли СММ Пан Ги Мун ифтитоҳ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала