Эмомалӣ Раҳмон бо амниятиҳои ИДМ сӯҳбат дошт

Пешниҳод шудааст, ки барои таъмини субот дар минтақа бояд тамоми чораҳои муассири пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир ва роҳҳои амалӣ кардани ин тадбирҳо андешида шаванд

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 26 май бо роҳбарони сохторҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё СНГ дар Душанбе суҳбат кард, менависад сомонаи президент.

Ба иттилои дафтари матбуоти президент, дар ин мулоқот вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон, роҳҳои тақвият додани муборизаи муштарак бо хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳо баррасӣ шудааст.

Гуфта шудааст, барои таъмини субот дар минтақа бояд тамоми чораҳои муассири пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир ва роҳҳои амалӣ кардани ин тадбирҳо андешида шаванд.

Масоили вобаста ба тадбирҳои муштарак барои таъмини амнияти иттилоотӣ, пешгирӣ аз фаъолияти унсурҳои терроризму ифротгароӣ, миллатпарастии иртиҷоӣ ва роҳ надодан ба бетартибиҳои оммавӣ аз мавзуъҳои асосии ҳамоиши навбатии Шӯрои роҳбарони сохторҳои амният ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе будаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала