Даромади Порошенко дар як соли президентӣ ҳафт маротиба афзудааст

Соли 2013 даромади қонунии Петр Порошенко 51 миллион гривнаро ташкил медод. Пас аз як соли такя задани ӯ ба курсии президентӣ ин рақам ба 369 миллион гривна баробар шудааст.

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Таназзули иқтисод ва мушкилоти Украина ба роҳбари ин кишвар   таъсири манфии молиявӣ нарасонида, Петр Порошенко дар як сол даромадашро аз $2 миллион то  $17 миллион зиёд кардааст, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба Би-би-си.

Қайд мешавад, ки соли 2013 даромади қонунии Петр Порошенко 51 миллион гривнаро ташкил медод. Пас аз як соли такя задани ӯ ба курсии президентӣ ин рақам ба 369 миллион гривна баробар шудааст ва фоидаи бештарро аз фурӯши коғазҳои қиматнок ва ҳуқуқи корпоративӣ ба даст овардааст.

Торти киевии ширкатиRoshen. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳо: Порошенко ваъда дод, ки тиҷораташро мефурӯшад, вале накард

Баъди як сол даромади софи президенти Украина чанд маротиба афзоиш ёфта, 369 миллион гривна (муодили беш аз $17 миллион), ки 90%-и онро дивидентҳо ва фоидаи амонатҳо ташкил медиҳад. Қисмати боқимонда (11,25 миллион гривна) бошад, аз фурӯши коғазҳои қиматнок ва ҳуқуқи корпоративӣ ҷамъ гардидааст.

"Аз эҳтимол дур нест, ки Порошенко амонатҳояшро бо арзи хориҷӣ нигоҳ медошт ва замони уфти қурби гривна фоидаи молиявӣ ба даст овардааст, аммо ин наметавонад бозгӯи ҳама паҳлӯҳои манфиатҳои президенти Украина бошад",- қайд мешавад дар хабар.

Корхонаи қаннодии Roshen, ки ба райисҷумҳури Украина таалуқ дорад, тайи як сол даромадашро нӯҳ маротиба афзоиш додааст, шояд ин омил ҳам ба болоравии ҳаҷми сармояи ӯ бетаъсир набудааст.

Гуфтанист, президенти Украина ба ваъдаи қаблии худ дар бораи фурӯхтани тиҷораташ вафо накарда, ба ғайр аз Roshen, ӯ соҳибмулки корхонаи "Ленинская кузнитса" ва ширкати "Богдан-Авто"  мебошад.

Ҳамчунин, Петр Порошенко соҳибмулки Бонки саҳҳомии байналмиллалӣ (Международний инвеститсионий банк), муассисаи бимавӣ, чандин ширкатҳои радиоиву телевизионӣ ва корхонаи истеҳсоли крахмалу шиша низ ҳаст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала