Иттиҳомот: мақомоти ФИФА барои анҷоми сабқати ҷаҳонӣ ришва мегирифтанд

© Freshfocus / Гузаштан ба хазинаи аксБинои ФИФА дар Тсюрих. Акс аз бойгонӣ
Бинои ФИФА дар Тсюрих. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Таҳқиқот бар ин назар аст, ки мақомоти ФИФА барои баргузории сабқати ҷаҳонӣ, пахши онҳо ва хадамоти дигар тӯли ду даҳсолаи ахир ришва мегирифтанд.

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Даҳ нафар мақоми болорутбаи ФИФА дар Тсюрих ба иттиҳоми мушорикат дар фасоди густурда дар ФИФА рӯзи чаҳоршанбе боздошт шуданд, хабар медиҳад РИА Новости.

Таҳқиқот бар ин назар аст, ки мақомоти ФИФА барои баргузории сабқати ҷаҳонӣ, пахши онҳо ва хадамоти дигар тӯли ду даҳсолаи ахир ришва мегирифтанд.

Ин мақомот субҳи барвақт дар меҳмонхонаи Baur au Lac дар Тсюрих ба иттиҳоми давлати Амрико боздошт шуданд. Эҳтимол дорад, ки куллияи боздоштшудагон ба ИМА истирдод шаванд. Дар миёни боздоштшудагон муъовинони раиси иҷроияи ФИФА Ҷефри Уэбб ва Эухенио Фигередо ва ҳамчунин Эдуардо Ли, Хулио Рока, Костас Таккас, Рафаэл Эскивел, Хосе Мария Марин ҳастанд.

Далели гирдиҳам омадани рашбарият дар меҳмонхонаи Тсюрих баргузории интихоботи раиси ин созмон дар таърихи 29 май будааст.

Боздошт дар чорчӯби парвандае сурат гирифтааст, ки аз сӯйи Идораи Федероли таҳқиқотии ИМА ҳанӯз дар соли 1991 боз шуда буд. Вале дертар пулиси Швейтсария парвандаи дигареро боз карда буд, ки ба мавзӯъи интихоби Русия ва Қатар ба унвони кишварҳои мизбони сабқати ҷаҳонии футбол дар солҳои 2018 ва 2022 рабт дошт.

Феълан додситонии Швейтсария бозпурсии 10 нафар корманди ФИФА, ки ба пуштибонӣ аз номзадии Русия ва Қатар барои баргузории сабқати солҳои 2018 ва 2022 раъй додаанд, идома дорад.

Ин қазия ба чӣ наҳвае Русияро домангир аст

"ФИФА қасд надорад ҳеҷ тавтеъаеро дар ин мавзӯъ оғоз ва ё пуштибонӣ кунад. Сабқати ҷаҳонӣ соли 2018 дар Русия ва соли 2022 дар Қатар баргузор мешаванд. Ин таъйид аст", — гуфт мудири бахши иртиботот бо ҷомеъаи ФИФА Валтер Де Грегорио.

Интихоботи раиси ФИФА баргузор мешаванд?

Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) аз таъвиқи интихоботи ФИФА пуштибонӣ намекунад ва аз номзадии раиси феълии федератсия Йозеф Блаттер ҳимоят мекунад, хабар дод рӯзи панҷшанбе РИА Новости.

Қаблан мудирияти Иттиҳоди анҷуманҳои аврупоии футбол дархост карда буд, ки ба далели рух додани қазияи фасодкорӣ дар миёни мақомоти ФИФА интихоби раиси он ба таъвиқ гузошта шавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала