Китоби нави Баҳманёр бо номи “Турфаҳо” нашр шуд

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Баҳманёр бо китобҳои “Сармаддеҳ”, “Шоҳаншоҳ” ва “Сангу сабӯ”-яш ба хонандагони тоҷикаш ошност.

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Нашриёти "Истеъдод" китоби нави Баҳманёр, нависандаи маъруфи тоҷикро бо номи "Турфаҳо" бо теъдоди 500 нусха ба чоп расондааст, менависад хабаргузории "Озодагон".

Китоби мазкур баргардон, тарҷума ва гирдоварии матнҳои насрӣ аз китобҳои гуногун буда, бо шеваи хос дастабандӣ шудааст ва бештари ин пораҳо мазмуни ҳаҷвӣ доранд, менависад хабаргузорӣ.

Салими Зарафшонфар, муҳаррири китоб дар тавзеҳи нашри он навиштааст, ки "маводи ин китоб солиёни зиёд дар маҷаллаи "Садои шарқ" чоп шудаву мешавад. Азбаски ҳаводорони зиёд пайдо кард, гирдоваранда лозим донистааст, дар чанд ҷилд дастраси хонандагон гардонад".

Пораҳое ки дар ин китоб гирд оварда шудаанд, қаблан дар маҷаллаи "Садои Шарқ" зери рубрикаи "Турфаҳо" нашр шудааст. Баҳманёр яке аз нависандаҳои номдори тоҷик буда, китобҳои "Сармаддеҳ", "Шоҳаншоҳ", "Аспи обӣ" ҳосили қалами ӯянд.

Лентаи хабарҳо
0