Додгоҳи олӣ “Давлати исломӣ”-ро террористӣ эълон кард

© Sputnik Амир ИсаевДодгоҳи олии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Додгоҳи олии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи олии Тоҷикистон гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро расман ба феҳрасти созмонҳои террористӣ шомил намуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар мамнӯъ хонд.

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Додгоҳи олии Тоҷикистон гурӯҳи "Давлати Исломии Ироқ ва Шом" ё ДОИШ-ро, ки умдатан "Давлати Исломӣ" ном бурда мешавад, расман созмони террористӣ эълон кард ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар ғайриқонунӣ хонд, менависад "Радиои Озодӣ".

Акс аз навори интернетии Гулмурод Ҳалимов, ки дар бораи пайвастанаш ба ДИ иброз доштааст - Sputnik Тоҷикистон
Собиқ фармондеҳи ОМОН дар бораи пайвастанаш ба ДИ изҳор доштааст

Як манбаъ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон 28 май бо тасдиқи ин хабар ба радио гуфтааст, ин тасмим бо пешниҳоди Додситонии кулли Тоҷикистон гирифта шудааст.

"Давлати Исломӣ" бино бар амалкардҳои худ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон созмони террористӣ шумурда мешавад, вале шомил кардани он ба феҳрасти созмонҳои террористӣ як расмиёти ҳуқуқист, ки давлатҳо барои фароҳам кардани шароити ҳуқуқии муҷозоти пайравони ин ё он ҷунбишу ҳаракат анҷом медиҳанд. Манбаи "Озодӣ" дар Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, қарори мазкур ҳанӯз ибтидои моҳи май баромада, амдан расонаӣ нагаштааст.

Хабари аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон созмони террористӣ эълон шудани гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ҳоле пахш мешавад, ки аз шаби гузашта ба ин тараф дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоии фармондеҳи пулиси вижаи Тоҷикистон ё ОМОН Гулмурод Ҳалимов чарх мезанад, ки аз пайвастани худ ба ин гурӯҳ хабар додааст.

Додгоҳи олии ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи олӣ “Салафия”-ро ҷараёни экстримистӣ эълон кард

"Давлати исломӣ" як гурӯҳи тундрави ҷангҷӯст, ки аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи террористии "Ал-Қоида" ҷудо шуда, соли гузашта қаламравҳои бузургеро дар Сурия ва Ироқ тасарруф кард. Ин созмон бо қатли омми мухолифонаш маъруф аст ва иддао дорад, ки ҳадафаш эҳёи "хилофати воҳиди исломӣ"-ст.

Аммо бисёре аз кишварҳои дунё ин гурӯҳро таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти байналмилалӣ мешуморанд.

Бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон созмон ва ҳаракатҳои характери динӣ ва мазҳабидоштаро дар феҳристи гурӯҳҳои террористӣ қарор дода, фаъолияти онҳоро мамнӯъ эълон мекунанд. Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон, Ҷамоати Ансоруллоҳ, Салафия, Ҷамоаи таблиғ, "Ихвонулмуслимин", Ҳизб-ут-Таҳрир ва "Гурӯҳи 24" аз ҷумлаи гурӯҳ ва ҳаракатҳое мебошанд, ки фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон расман манъ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала