Отамбоев: касе ба Қирғизистон дастдарозӣ мекунад, ҷавобашро мегирад

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксВ. Путин бо А.Отамбоев мулоқот кард. Акс аз бойгонӣ
В. Путин бо А.Отамбоев мулоқот кард. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Президенти Қирғизистон аснои суханрониаш ба муносибати 23- солагии Неруҳои мусаллаҳ гуфт, ҷумҳурӣ артиши худро дорад ва дар сурати зарурат марзу буми кишварро ҳимоя карда метавонад.

ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik. Қирғизистон ба ҳеч кишваре ҳамла карданӣ нест, аммо агар касе дастдарозӣ кунад, посухи онро ҳатман хоҳад гирифт, изҳор дошт президент ҶҚ Алмосбек Отамбоев, менависад CA-News.

Дар ин бора роҳбари Қирғизистон аснои суханрониаш дар ҷаласае ба ифтихори 23-солагии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар рӯзи ҷумъа иброз дошт.

"Мо ба касе ҳамла карданӣ нестем, аммо ҳар нафаре ба мо чашм ало кунад, онро беҷавоб нахоҳем гузошт",- гуфт Отамбоев.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмосмбек Отамбоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Отамбоев ба бозрасии хабари парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи мақомот

Райисҷумҳури Қирғизистон артишро ба "дастони халқ" ташбеҳ кард.

"Халқ бе сарбоз ва артиш ба одами бе даст монанд аст, ки наметавонад наздикони худро ҳимоя кунад. Шукри Худо, мо метавонем бигӯем, ки мардуми қирғиз соҳиби даст аст",- қайд кард ӯ.

Неруҳои мусаллаҳи Қирғизистон рӯзи 29-майи соли 1992 таъсис ёфт. Ҳоло теъдоди ҷузву томҳои Вазорати мудофиа- қариб 12 ҳазор, Гвардияи миллӣ- 3 ҳазор ва Хадамоти марзбонӣ- 6,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала