Иттиҳоди адибон соҳибони ҷоизаи “Падида”-ро мушшахас кард

© Sputnik Амир ИсаевБинои Иттиҳоди адибони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бинои Иттиҳоди адибони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ду адиби тоҷик бо ҷоизаи миллии адабӣ барои навгонӣ дар осор сарфароз шуда, ҳамзамон нишони тиллоӣ ва мукофоти пулӣ ба даст оварданд.

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Адибон Аниса Собирӣ ва Толиб Луқмон соҳибони ҷоизаи адабии "Падида" шудаанд, менависад хабаргузории "Tojnews".

Ҷоизаҳоро раҳбари Иттиҳоди адибони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ ва шоираи саршинос Гулрухсор Сафиева тақдим карданд.

Дар соли ҷорӣ ба ҷуз аз ҷоиза адибон 1000 сомонӣ ба унвони гиромидошт аз сӯйи Иттиҳоди адибони Тоҷикистон ва ҳамчунин нишонҳои тиллоӣ дарёфт карданд.

Ҷоизаи адабии "Падида" дар ду сол як маротиба тақдим мешавад. Адибон ва муаллифоне соҳиби ин ҷоиза мешаванд, ки осори худро дар шакли навоварӣ ва шакли ҷадид таҳия карда ба навъе ихтироъкор мешаванд.

Аниса Собирӣ ҳамзамон номзад ба ҷоизаи умумирусиягии "Адиби сол" муаррифӣ шудааст. Қаблан ин шоир ҷоизаи Осиёи Марказии "Курсии тиллоӣ" барои беҳтарин осори назмӣ ба забони русӣ сарфароз шуда буд.

Толиб Луқмон хабарнигори рӯзномаи мардумии "Ҷумҳурият" аст ва ҷоизаи "Падида"-ро барои таҳияи беҳтарин осори назмӣ сарфароз шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала