Дастури шаҳрдори Душанбе барои берун бурдани бозори мошин

© Sputnik Амир ИсаевБозори мошини Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Бозори мошини Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдори Душанбе дастур дод, ки бозори мошини пойтахт берун аз шаҳр бурда шаваду бахши нақлияи мусофирбар танзим карда шавад.

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Шаҳрдори пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ниҳодҳои зирабт дастур дод, ки фаъолияти бозори мошин қатъ ва берун аз шаҳр бароварда шавад, хабар медиҳад маркази матбуотии шаҳрдорӣ.

Ҳукумати шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Убайдуллоев барои нигоҳубини роҳҳои Душанбе супориш дод

Ин дастур рӯзи душанбе дар ҷаласаи раҳбарони ниҳодҳои шаҳрдорӣ ва ниҳодҳои интизомӣ матраҳ шудааст. 

Ҳамчунин, ба баррасии ҳозирин мавзӯъи нақлияи мусофирбар гузошта шудааст. Аз ҷумла, шаҳрдор ба мақомоти зирабт дастур додааст, ки беназмӣ дар хатсайрҳои нақлияи мусофирбар, ки ба танбашавии мошинҳо дар хиёбонҳо мунҷар мешавад, рафъ карда шавад.

Ҳамзамон, ширкаткунандагони ҷаласа масоили ҷилавгирӣ аз вуруди нақлияи мусофирбари бидуни муҷҷавиз ба шаҳрро баррасӣ кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала