Як сокини Турсунзода бо гумони хушунат алайҳи шавҳар боздошт шуд

Аз ин боздоштшуда ба унвони зани 37-сола ёд шуда, бино бар иттилои ВКД, вай ҳангоми муноқишаи хонаводагӣ бо корд дар шиками шавҳараш як зарба задааст.

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як зани 37-соларо дар шаҳри Турсунзода боздошт кардааст, ки дар расондани зарари ҷисмонӣ ба шавҳараш муттаҳам мешавад, менависад сомонаи ин ниҳод.

Зимни тафтишоти пешакӣ муайян шудааст, ки гумонбаршуда рӯзи 31-уми май тахминан соати 18:00 дақиқа дар хонаи истиқоматӣ бо шавҳари 37-солааш муноқиша карда, зимни ҷанҷол бо корд ба шиками шавҳараш як зарба мезанад, омадааст дар хабари сомона.

"Дар натиҷа шавҳараш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст", — зикр шудааст дар сомонаи ВКД.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Зимнан, бори аввал нест, ки хабари хушунат дидани шавҳарон аз ҷониби ҳамсарон расонаӣ мешавад. Дар чанд соли охир гузоришҳои мақомот ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ҳокӣ аз он ҳастанд, ки иддае аз шавҳарон аз ҷониби ҳамсарони худ хушунат мебинанд ва ба мақомот шикоят мебаранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала