Наҷотдиҳандагон дар Чин мусофирони киштии ғарқшударо меҷӯянд

Аксари мусвофирони киштӣ бузургсолон будаанд, ки аз 50 то 80 сол доштаанд.

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Амалиёти наҷотдиҳӣ дар маҳалли ғарқшавии киштии "Ситораи Шарқ" дар дарёи Янтсзи Чин идома дорад, зимни он 1 ҳазор наҷотдиҳанда ва 54 қаиқ даст ба кор аст, менависад РИА Новости бо истинод ба расонаҳои маҳаллӣ.

Тибқи хабари бархе аз манобеъ, аллакай аз 13 то 20 нафар наҷот дода шудаанд. Умури наҷотдиҳӣ аз сабаби боришоти шадид ва шамоли сахт ба мушкил мувоҷеҳ гардидааст. Киштӣ дар қаъри рӯд, дар чуқурии 15 метр аст.

Киштӣ соати 21.28 бо вақти маҳаллӣ (18.28 дшб) дар вилоят (провинсия)-и Хубэй ба садама дучор шуд. Он аз Нанкин ба қисмати ҷанубии Чин, минтақаи Чунтсин ҳаракат мекард. Ба навиштаи ВАО, дар киштӣ 405 мусофир- шаҳрвандони Чин, 47 сарнишини он ва 5 намояндаи як ширкати сайру саёҳат  ҳузур доштанд.

Аксари мусвофирони киштӣ бузургсолон будаанд, ки аз 50 то 80 сол доштанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала