Наҷотдиҳандагон дар Чин мусофирони киштии ғарқшударо меҷӯянд

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкКиштӣ барои сайру саёҳат дар рӯдхонаи Янтсзи. Акс аз бойгонӣ
Киштӣ барои сайру саёҳат дар рӯдхонаи Янтсзи. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пулис капитан ва сармуҳандиси киштии “Ситораи Шарқ” (“Восточная звезда”)-ро боздошт карда, қазияро таҳқиқ дорад. Ба гуфти дастгиршудагон, қабл аз ғарқшавӣ дар дарё гирдбод ба вуқӯъ пайваст.

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Амалиёти наҷотдиҳӣ дар маҳалли ғарқшавии киштии "Ситораи Шарқ" дар дарёи Янтсзи Чин идома дорад, зимни он 1 ҳазор наҷотдиҳанда ва 54 қаиқ даст ба кор аст, менависад РИА Новости бо истинод ба расонаҳои маҳаллӣ.

Тибқи хабари бархе аз манобеъ, аллакай аз 13 то 20 нафар наҷот дода шудаанд. Умури наҷотдиҳӣ аз сабаби боришоти шадид ва шамоли сахт ба мушкил мувоҷеҳ гардидааст. Киштӣ дар қаъри рӯд, дар чуқурии 15 метр аст.

Киштӣ соати 21.28 бо вақти маҳаллӣ (18.28 дшб) дар вилоят (провинсия)-и Хубэй ба садама дучор шуд. Он аз Нанкин ба қисмати ҷанубии Чин, минтақаи Чунтсин ҳаракат мекард. Ба навиштаи ВАО, дар киштӣ 405 мусофир- шаҳрвандони Чин, 47 сарнишини он ва 5 намояндаи як ширкати сайру саёҳат  ҳузур доштанд.

Аксари мусвофирони киштӣ бузургсолон будаанд, ки аз 50 то 80 сол доштанд.

Лентаи хабарҳо
0