Ба Тоҷикистон барои ҳисоби махориҷаш кӯмак мекунанд

© Flickr / 401(K) 2012Калкулятор
Калкулятор - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Тарҳи ҷадид, ки беҳбуди низоми будҷаро дорад дар Тоҷикистон рӯйи даст гирифта мешавад ва онро Бонки ҷаҳонӣ ва бахши равобити байналмиллалии Бритониё таъмини молӣ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Бонки ҷаҳонӣ ва бахши равобити байналмиллалии Бритониё (DFID) барои иҷрои "Тарҳи беҳбуди мудирияти молиёти давлатии Тоҷикистон" $21 миллион ихтисос медиҳанд, омадааст дар баёнияи БҶ.

Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ ихтисоси $10 миллион ва Бахши равобити байналмиллалии Бритониё ихтисоси $11 миллиони изофӣ барои давлати Тоҷикистон ба манзури беҳбуди судмандӣ, назорат ва таҳти гузориш қарор доштани махориҷи давлатӣ тасвиб карданд.

Банкомат. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БҶ: судоварии низоми бонкии Тоҷикистон зери суол аст

Раҳбарии иҷрои ин тарҳ, ки аз соли 2015 то соли 2021 тӯл мекашад ба вазорати молияи Тоҷикистон вогузор шудааст. Бонки ҷаҳонӣ тавзеъ медиҳад, ки ин алаккай тарҳи дуввуми мушобеҳест, ки беҳбуди низоми будҷаро ҳадаф дорад.

"Ин тарҳ барои таҷдиди низоми автоматии назорати бахши молиёт ба манзури нақшабандии будҷа, иҷрои он, салоҳияти бонкдорӣ, назорат ва гузоришгарӣ дар ниҳодҳои давлатӣ мусоъидат мекунад", — омадааст дар баёния.

Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба маблағи $323 млн тарҳҳоро иҷро мекунад

Ба ҷуз аз ин, ин тарҳ имкон медиҳад, ки низоми назорат ва гузоришгарии корхонаҳои ҷудогонаи давлатӣ беҳбуд ёбад. Дар чаҳорчӯби ин умур пешбинӣ шудааст, ки муқаррароти қавонин ва мушшахасот барои ташкили харидҳои давлатӣ такмил ёфта низоми электронии харидҳо пуштибонӣ шавад.

Ба Утоқи ҳисоби Тоҷикистон барои таҳия ва иҷрои наҳваҳои муносиби бозрасӣ барои мутобиқат ва судмандӣ кӯмак карда мешавад.

"Тарҳи қаблии мушобеҳ кӯмак кард, ки зарфияти миллӣ дар мудирияти кадрҳо, омода ва иҷрои будҷа, таҷдиди амалиёти молии автоматикӣ ва зарфияти IT вазорати молия беҳбуд дода шуда ҳамзамон низоми иттилоъотии бахши мудирияти молӣ роҳандозӣ карда шуд", — таъкид карданд дар БҶ.

Дар Бонки ҷаҳонӣ зикр карданд, ки феълан дар Тоҷикистон 21 тарҳ иҷро мешаванд. Маблағи умумии ин тарҳҳо $323,4 миллион мебошад. Аз соли 1996 бад ин сӯ Бонки ҷаҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи беш аз $1 миллиард кӯмакҳо ва эътибороти ботахфиф аз ҳисоби Анҷумани байналмиллалии рушд ва захойири сандуқи мақсаднок ироъа кардааст.

Лентаи хабарҳо
0