Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Дар парвандаи ФИФА ришваи $10 миллионӣ пайдо шуд

© AP / Matt SaylesМуъовини собиқи раиси ФИФА Ҷек Уорнер. Акс аз бойгонӣ
Муъовини собиқи раиси ФИФА Ҷек Уорнер. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бисту ҳафтуми моҳи май дар Тсюрих чанд тан аз мақоми баландпояи ФИФА ба иттиҳоми фасод боздошт шуда буданд.

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Мақомоти ИМА бар ин назаранд, ки дабири кулли ФИФА Жером Валке дар соли 2008 аз суратҳисоби созмон ба ҳисоби муъовини раиси ФИФА Ҷек Уорнер 10 миллион доллар мунтақил кардааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба New York Times.

Ҷек Уорнер худ ба пулис омад ва ба ӯ 13 иттиҳом ироъа шуд.

Иттиҳомот иддаъо надорад, ки Валке медонист, ки ин маблағ ришва аст ва дар маводди таҳқиқот вай ҳамшарики ҷиноят дониста намешавад.
Хабар дода шуда буд, ки Уорнер ин ришваро бар ивази мусоъидат ба Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (ҶАҶ) барои дарёфти иҷозаи баргузории сабқати ҷаҳонии бозии футбол дар соли 2010 пайдо кардааст.

Йозеф Блаттер. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Блаттер қавл дод, ки “иттиҳомоти уфтода ба ФИФА”-ро ҳалл мекунад

Анҷумани футболи ҶАҶ иттиҳоми додани ришваро бепоя дониста буд.

Раиси ФИФА Йозеф Блаттер, ки 29 май барои муддати панҷум раёсатро бар ӯҳда гирифт, изҳор дошт, ки ба мавриди ришвати 10 миллион долларӣ иртиботе надорад.

Қаблан вай иддаъо дошт, ки афроди дар паси ин қазия истода — шахсони ҷудогона ҳастанд на куллияи созмон.

Ёдовар мешавем, ки 27 моҳи май ба иттиҳоми фасод мақомоти баландпояи ФИФА боздошт шуда буданд: Ҷефри Уэбб, Эухенио Фигередо, Эдуардо Ли, Хулио Рока, Костас Таккас, Рафаэл Эскивел, Хосе Мария Марин. Ба бархе дигаре аз мақомот иттиҳомот ироъа шуда буд. Дар миёни онҳо собиқ раиси Конфедератсияи футболи Амрикои Шимолӣ ва Марказӣ ва кишварҳои ҳавзаи Кариб, дар гузашта муъовини раиси ФИФА Уорнер ва Николас Леос мебошанд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала