Тасдиқи нақшаи таҷлили Рӯзи Ваҳдат дар пойтахти Тоҷикистон

© Sputnik Амир ИсаевМаҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз бойгонӣ
Маҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар рӯзи Ваҳдат ҳамчунин давоми 5 дақиқа оташбозии идона (фейерверк), тӯйи арӯсии 25 ҷуфт ҷавон ва хатнасури 100 кӯдак дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳо барои таҷлили рӯзи Ваҳдатро ба тасвиб расонд, менависад сомонаи шаҳрдорӣ.

Убайдулло Раҷабовро, ҳунарманди тоҷик коргардон-таҳиягари намоиши бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Душанбе таъин шуда, вазифадор гардидааст, ки иштироки беҳтарин санъаткорону мутахассисони касбиро дар баргузории чорабинии идона дар шаршараи Боғи "Наврӯзгоҳи пойтахт" таъмин намояд.

Дар рӯзи Ваҳдат ҳамчунин давоми 5 дақиқа оташбозии идона (фейерверк), тӯйи арӯсии 25 ҷуфт ҷавон ва хатнасури 100 кӯдак дар назар аст. Дар баробари ороиши зоҳирии шаҳр инчунин дастур дода шудааст, ки 200 духтар бо либоси миллӣ ва рамзи Тоҷикистон барои истиқболи меҳмонони олиқадр дар назди шаршараи "Наврӯзгоҳи пойтахт" таъмин карда шаванд. Яке аз бандҳои ин нақша инчунин "таъмини 100 духтар бо сару либоси мӯди навин" мебошад.

Раиси шаҳри Душанбе назорати иҷрои дастуроташ барои таҷлили рӯзи Ваҳдатро ба зиммаи муовинаш — Ҷамила Лангариева вогузор кардааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала