Блаттер аз мақоми раиси ФИФА истеъфо дод

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси ФИФА Йозеф Блаттер, ки дар чаҳорумин рӯзи баъд аз интихоби муҷаддадаш ба симмати раисӣ аз ин мақом истеъфо дод, ба хабарнигорон гуфт, ки ҳадаф дорад таваҷҷӯҳи худро дар бозсозиҳои куллӣ, ки бозтоби талошҳои қаблиаш мешаванд, таммаркуз кунад.

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Раиси ФИФА Йозеф Блаттер, ки дар чаҳорумин рӯзи баъд аз интихоби муҷаддадаш ба мӯҳлати панҷуми раёсаташ аз истеъфои худ хабар дод, менависад РИА Новости.

Ин тасмими худро раиси тозаинтихоби ФИФА Блаттер дар нишасти хабарии сареъ рӯзи сешанбе эълом кард.

"Ман аз номи аъзои ФИФА салоҳият пайдо кардам, вале эҳсос намекунам, ки салоҳияти куллияи ҷаҳони футбол — мухлисон, бозингарон, тимхо ва мардуме, ки бо футбол зиндаанд, дошта бошам. Тасмим гирифтам, ки салоҳияти раисии худро дар анҷумани навбатии ФИФА қатъ кунам ва то он замон иҷрои вазоифи худро идоме медиҳам".

Блаттер зикр кард, ки тасмимам ба манзури гиромидошти амиқи манофеъи ФИФА аст, ки барояш хеле азиз мебошад. Вай аз ҳамаи ҷонибдоронаш сипосгузорӣ ва зикр кард, ки барояш муҳимтар ин аст, ки аз ин қазия футбол пирӯз шавад.

Йозеф Блаттер қисса кард, ки ба эътиқодаш чӣ умуре бояд то баргузории анҷуман анҷом дода шавад. "Оғоз аз он, ки ман дар ин интихобот номзад мешавам, бояд тамаркузи худро ба ислоҳоти кулл, ки бозтоби талошҳои қаблии мо хоҳад буд, равона созам. Теъдоди аъзои комитети иҷроия бояд коҳиш дода шавад ва онҳо бояд дар анҷуман интихоб шаванд. Онҳо бояд тавассути ФИФА интихоб шаванд, на аз сӯйи конфедератсияҳо. Ҳамчунин бояд мӯҳлати салоҳияти раис ва аъзои комитети иҷроия маҳдуд карда шавад", — изофа кард Блаттер.

Блаттер аз соли 1998 бад ин сӯ раёсати ФИФА бар ӯҳда дошт. 29 май вай ба мӯҳлати панҷуми раёсат интихоб шуд.

Анҷумани баргузоршудаи ФИФА дар ҳафтаи гузашта бузургтарин қазия дар таърихи ин созмонро ба дунбол дошт. Бархе аз мақомҳои баландпояи ФИФА дар Сюрих ба иттиҳоми фасодкорӣ боздошт шуданд. Дар миёни онҳо муовинони раиси ФИФА Ҷеффри Уэбб ва Эухенио Фигередо, ҳамчунин Эдуардо Ли, Хулио Рока, Костас Таккас, Рафаэл Эскивел, Хосе Мария Марин ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0