Наврасони тоҷик барои Ҷоми раиси ҷумҳури Қазоқистон рақобат мекунанд

© Официальный сайт ФФТТими наврасони футболи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Тими наврасони футболи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тими наврасон дар сададанд дар соли ҷорӣ соҳиби Ҷоми раиси ҷумҳури Қазоқистон шаванд.

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар гурӯҳи "А" дар мусобиқоти байналмиллалии футбол барои дарёфти Ҷоми раиси ҷумҳури Қазоқистон бо ҳамтоёни худ аз Испания, Қазоқистон ва Қирғизистон рақобат мекунанд, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи кишвар.

Ба гурӯҳи "Б" тимҳои Русия-2, Белорус, Озарбойҷон ва Гурҷистон шомил ҳастанд.

"Дар бозиҳои гурӯҳӣ тимҳо як маротиба бо ҳам рақобат мекунанд. Тимҳои пирӯз дар гурӯҳҳо бо ҳамдигар бозӣ мекунанд ва тимҳои дигар барои ҷойгоҳҳои боқимонда вориди сабқат мешаванд", — омадааст дар хабар.

Футболбозони дастаи Истиқлол - Sputnik Тоҷикистон
Истиқлол барои нахустин бор ба ¼ финали Ҷоми КФО баромад

Мусобиқоти байналмиллалӣ барои дарёфти Ҷоми раиси ҷумҳури Қазоқистон аз 22 то 26 июн дар Остона баргузор мешавад. Ҳазинаи ҷавоизи ин мусобиқот 20 ҳазор доллар муқаррар шудааст. Тими пирӯз соҳиби 10 ҳазор доллар, барандаи ҷойи дуввум 6 ҳазор доллар ва соҳиби мақоми севвум 4 ҳазор доллар ба даст меоранд.

Соли гузашта тими наврасони Тоҷикистон таҳти сарпарастии Салоҳиддин Ғафуров дар ин мусобиқоти байналмиллалӣ ҷойгоҳи севвумро касб карда буд. Дар соли ҷорӣ тими мунтахабро Зайниддин Раҳимов сарпарастӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала