Имсол 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон хоҳиши кӯчидан ба Русияро карданд

© Sputnik Шоира ЮсуповаМизи гирд (ҳамойиш)-и минтақавии Россотрудничество дар ҶТ. Аз рост ба чап: Владислав Корнушко, Анатолий Макаров, Игор Лякин-Фролов
Мизи гирд (ҳамойиш)-и минтақавии Россотрудничество дар ҶТ. Аз рост ба чап: Владислав Корнушко, Анатолий Макаров, Игор Лякин-Фролов - Sputnik Тоҷикистон
Татбиқи барномаи давлатии ФР оид ба кӯчонидани ҳамватанон ба дастгирии густурдаи иттилоотӣ, ки онро бояд созмонҳои ҷамъиятӣ анҷом диҳанд, ниёз дорад. Дар ин бора сафири Русия дар Тоҷикистон аснои як ҳамойиши минтақавӣ иброз дошт.

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Тайи панҷ моҳи соли равон чор ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон санадҳои худро ба барномаи кӯчонидани ихтиёрӣ ба Русия пешниҳод кардаанд, гуфт муовини роҳбари намояндагии ХФМ Русия Юрий Пряхин.

"Тӯли панҷ моҳи соли равон қариб 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба намояндагӣ муроҷиат карданд. Мо санадҳои 400 нафарро мавриди омӯзиш қарор дода, ба 250 довталаб шаҳодатнома додем. Ҳамин тавр, теъдоди посухҳои мусбат ба аризаҳо 75%-ро ташкил дод",- афзуд Пряхин дар нишасте, ки рӯзи чоршанбе сурат пазируфт.

Ироаи патенти кор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Волгоград барои 30 ҳазор муҳоҷир ҷои кор меёбанд

Ба қавли ӯ, шурӯъ аз соли 2013 ба намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон ҳудуди 20 ҳазор нафар барои машварату маслиҳат муроҷиат карда, аз ин шумор 18 ҳазори онҳо ба барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон таваҷҷӯҳ доштаанд. Тайи ин муддат барои ширкат дар барномаи мазкур 3 ҳазор ариза қабул гардида, 1,5 ҳазор нафар соҳиби шаҳодатнома шуданд.

Пряхин қайд кард, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бештар ба даҳ минтақаи Русия барои кӯчидан таваҷҷӯҳ доранд ва ин манотиқ Воронеж, Калуга, Тамбов, Липетск, Тула, Волгоград, Пенза, Свердловск, Иркутск, ва Новосибирск мебошанд.

Ҳамзамон, сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин- Фролов гуфт, дар ин ҷо ҳамватанони зиёд ба сар мебаранд, аммо бархе аз онҳо ҳеч маълумоте дар бораи барномаи давлатии кӯчонидани ихтиёрӣ ба ФР-ро надоранд, онҳо ба худ ва мушкилоти худ андармонанд. Ба назари дипломат, маҳз дар ҳамин росто созмонҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои шаҳрвандӣ бояд корро ба роҳ монда, ба ҷомеъа бештар иттилоъ диҳанд.

Тавре Пряхин қайд кард, тайи фаъолияти барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон, аз Украина (29%), Қазоқистон (23%), Қирғизистон (15%), Малдова (9%), Арманистон (8%) ва Тоҷикистон (6%) шаҳрвандон ихтиёрӣ ба Русия кӯч бастаанд.

Ин барнома аз соли 2007 оғоз гардида, тайи 8 сол 312 ҳазор нафар аз он истифода кардаанд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала