Раҳмон бо Шойгу тақвияти ҳамкориҳои низомии дуҷонибаро баррасӣ карданд

Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон ва вазири дифоъи Русия масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии ҶТ ва ФР дар асоси санадҳои дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба баррасӣ шуд.

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Зимни мулоқоти райисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу, доир ба навсозии техникии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки яке аз тасмимҳои муҳими дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар соҳаи ҳамкории мудофиавӣ мебошад, гуфтугӯ сурат гирифт, иттилоъ медиҳад сомонаи расмии президент.

Раҳмон вазири мудофиаи Русия Шойгуро, ки  бо сафари корӣ ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи Шӯрои вазирони дифоъи кишварҳои узви СПАД  дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Сергей Шойгу ба Тоҷикистон омад

"Таваҷҷӯҳи бештар ба авзои кунунии минтақа, хусусан шиддати вазъият дар шимоли Афғонистон ва масоили вобаста ба пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя зоҳир гардид",- меафзояд манбаъ.

Ҳамзамон таъкид шудааст, ҳамгироии ҳамоҳангшудаи сохторҳои қудратию низомии Тоҷикистон бо пойгоҳи низомии 201-и Русия тақвият ёбад.

Ҷонибҳо инчунин, омодасозии кадрҳои баландихтисоси ҳарбии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии Русияро баррасӣ намудаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала