Донишҷӯи гумшудаи ДДМ дар роҳ ба Сурия пайдо шуд

© AP / Burhan Ozbilici, File / Гузаштан ба хазинаи аксМарзи муштараки Туркия ва Сурия. Акс аз бойгонӣ
Марзи муштараки Туркия ва Сурия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Як донишҷӯдухтарии Донишгоҳи давлатии Маскав ба гурӯҳҳои тундрави исломӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда, хоҳиши иштирок дар ҷангҳои Ховари Миёнаро намудааст, аммо аз ҷониби марзбонони туркӣ боздошт гардид.

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Донишҷӯи ғайбзади Донишгоҳи давлатии Маскав Варвара Караулова аз сӯйи сарҳадбонони Туркия дар наздикии марз бо Сурия дастгир шудааст, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба як манбаъ дар сафорати Русия дар Анқара.

Расонаҳо қаблан навишта буданд, ки донишҷӯи факултаи фалсафаи ДДМ ба исломи радикалӣ гаравида, ба дарсҳо бо ҳиҷоб (рӯсарӣ- шарҳи идора) ҳозир мешуд. Баъдан, ӯ ба Туркия рафта нопадид шуд.

Авзоъ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
КДАМ: дар Сурия ва Ироқ -344, дар Афғонистон-30 тоҷикистонӣ меҷанганд

"Караулова шоми гузашта дар шаҳри Қилис, аснои убури ғайриқонунии марз ба Сурия боздошт гардид. Рӯзҳои наздик вай ба мақомоти муҳоҷирати Туркия барои ихроҷ аз қаламрави ин кишвар ба Русия супурда мешавад",- иброз доштааст манбаъи оҷонсӣ.

Донишҷӯи ДДМ рӯзи 27-май аз хона баромада, ба Истамбул парвоз кардааст. Аз он ҷо ба волидайнаш паёмак навиштааст ва бо ҳамин иртибот бо ӯ қатъ гардидааст. Ҳамсабоқони наздикаш бар ин боваранд, ки Карауловаро ҷонибдорони "Давлати исломӣ" ба ин кор ҷалб сохтаанд.

Чанде пеш дар Сурия дар ҷангҳои ДИ донишҷӯи 28-солаи ДДМ, шаҳрванди Тоҷикистон Насим Наботов ҳалок гардид.  

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала