Аз авоили соли ҷорӣ дар Тоҷикистон қурби рубл бештар тақвият ёфтааст

Бозори арзи Тоҷикистон ҳамчунон ноустувор аст ва баъд аз уфти сареъи қурби доллар замони болоравии он мушоҳида шуд ва чунин тағйирот бар қурби воҳидҳои дигари пулӣ таъсир мерасонад.

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон раванди ба даст овардани қиммати қаблии худро идома медиҳад ва аз авоили соли ҷорӣ 27% гаронтар шудааст, хабар медиҳад сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар авоили соли ҷорӣ қиммати 10 рубли русӣ дар бозори арзии Тоҷикистон 0,92 сомонӣ буд, аммо 1 июн арзиши он ба 1,23 сомонӣ расид ва сипас 4,8% уфт кард ва имрӯз қимматаш 1,17 сомонӣ мебошад.

Қурби доллар ва евро низ дар як ҳафтаи ахир тағйир ёфт. Феълан доллар бар ивази 6,51 сомонӣ фурӯхта мешавад, ки нисбати 6,17 сомонии ҷумъаи гузашта бештар мебошад. Аз авоили соли ҷорӣ воҳиди пули амрикоӣ беш аз 18% гаронтар шуд.

Евро аз ҳафтаи гузашта 5,4% гаронтар шуда қиммати фурӯши он 7,11 сомонӣ дар қиболи 6,74 сомонии ҳафтаи гузашта муқаррар шудааст. Аз авоили соли ҷорӣ қиммати евро 8,7% гаронтар шуд.

Қурби доллар дар ҶТ дар қиёс бо болоравии дигар арзҳо мӯътадил аст

Ба эътиқоди коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, коҳиши арзиши пулӣ миллии Тоҷикистон дар муқоъиса бо кишварҳои дигар то андозае мӯътадил буд, аммо фишорҳо алайҳи он идома доранд.

"Ахиран қурби расмӣ ба манзури яксон кардани он бо қурби бозорӣ сареъан пойин мерафт, вале бо вуҷуди ин фосила байни ин ду қурб ҳудудуи панҷ дарсад буд ва назорати маъмурӣ дар бозори арзӣ ҳифз карда шуд", — зикр мекунанд дар БҶ.

Қурби расмии сомонӣ дар қиболи доллари ИМА дар соли 2014 11% ва дар се моҳи аввали соли 2015 9% пойин рафт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала