Антонов дар бораи ҳамкории СПАД: мо ба касе таҳдид накардаем

Муовини вазири дифоъи Русия Анатолий Антонов гуфт, вазири мудофиаи ФР Сергей Шойгу пешниҳоди баргузории машқу тамринҳо ва санҷишҳои ногаҳонии кишварҳои аъзои СПАД-ро кардааст. Ин таклиф аз сӯйи кулли ширкатдорони ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи ИДМ ҷонибдорӣ гардид.

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Ҳамкории Русия бо шарикони стратегӣ аз ИДМ ва СПАД алайҳи ҳеч кишваре равона нашудааст, иброз дошт муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов, аснои ҷамъбасти ҷаласаи Шӯрои вазирони дифоъи ИДМ ва кишварҳои узви СПАД. Дар ин бора ОИ Авеста иттилоъ медиҳад.

"Мо ба ҳеч кас таҳдид накардаем, ҳамкории мо алайҳи ҳеч кишваре равона нашудааст. Мо ҳама ба як хотир: ҷилавгирӣ аз таҳдидҳо дар марзҳоямон гирдиҳам омадаем",- қайд кард Антонов.

Ӯ афзуд, ҳама роҳбарони сохторҳои қудратии кишварҳои ИДМ ва аъзоёни СПАД аз ин мавқеъ пуштибонӣ мекунанд.

Муовини вазири дифоъи Русия Анатолий Антонов гуфт, вазири мудофиаи ФР Сергей Шойгу пешниҳоди баргузории машқу тамринҳо ва санҷишҳои ногаҳонии кишварҳои аъзои СПАД-ро кардааст. Ин таклиф аз сӯйи кулли ширкатдорони ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи ИДМ ҷонибдорӣ гардид.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала