Ҳафтоду шаш мошини пурбори кӯмаки ҳукумат ба Бадахшон рафт

© Flickr / EC/ECHO/H.VeitКишту кори замин дар Помир. Акс аз бойгонӣ
Кишту кори замин дар Помир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар маҷмуъ, ин кӯмакҳо беш аз 60 ҳазор аҳолии вилоятро фаро хоҳад гирифт.

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Корвони иборат аз 76 мошини ҳомили 1100 тонна маводи ғизоӣ бо супориши раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон субҳи якшанбеи 7 июн ҷониби Бадахшон роҳ гирифтааст, менависад сомонаи президент.

Комитети давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон $63 миллион кӯмакҳои молӣ гирифт

Ин маводи ғизоӣ ба 8 597 оилаи камбизоат ва ниёзманди вилоят тақсим хоҳад шуд.

"Илова бар ин, ба 670 нафар тарбиягирандагони мактаб — интернатҳои вилоят ва 77 нафар ятимони кулл сару либос ва пойафзол, инчунин ба маъюбон аробачаҳои маъюбӣ ва дигар воситаҳои техникии тавонбахшӣ кӯмак карда мешавад", — менависад сомона.

Манбаъ арзиши умумии маводу маҳсулотеро, ки ба сокинони ниёзманди вилояти Бадахшон интиқол шудааст, панҷуним миллион сомонӣ арзёбӣ мекунад. Дар маҷмуъ ин кӯмакҳо ба беш аз 60 ҳазор нафар аҳолии вилоят тавзеъ мешавад.

Дафтари матбуотии президент меафзояд, бо мақсади ба таври шаффофу мақсаднок дастрас намудани молу маҳсулот аз ҳисоби аъзои Ҳукумати мамлакат, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президент ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуруҳи корӣ таъсис шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала