Ҳамоиши G7 масоили муқобала бо терроризм ва фақрро баррасӣ мекунад

© Sputnik  / Гузаштан ба хазинаи аксПарчамҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Олмон дар Берлин
Парчамҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Олмон дар Берлин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳамоиши “Ҳафтгонаи бузург”, ки имрӯз дар Бавария (Олмон) кори худро анҷом медиҳад, масоили муқобала бо терроризм, фақр ва мубориза бо бемориҳои сирояткунандар баррасӣ карда аз натоиҷи он Ангела Меркел дар нишасти хабарӣ сӯҳбат мекунад.

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Имрӯз ҳамоиши G7 дар Бавария кори худро анҷом медиҳад, масоили аслии дастури кор — муқобала бо терроризм, сиёсати ҷинсӣ, рушди тандурустӣ ва наҷоти муҳити зист аст, хабар медиҳад РИА Новости.

Дидори раҳбарони кишварҳои узви "Ҳафтгонаи бузург" рӯзи якшанбе оғоз шуд. Дар ин дидор раҳбарони Олмон, Канада, Фаронса, Италия, Ҷопон ва Бритониё ширкат мекунанд. Русияро, ки ба ин иттиҳод соли 1998 шомил шуда буду сипас аз он G8 ном мебурданд аз соли 2014 ба далели ҳаводиси марбут ба Қрим ва Украина ба ин ҳамоишҳо даъват намекунанд.

Дар кори ин ҳамоиш раҳбарони кишварҳои дигар низ мушорикат доранд: раиси ҷумҳури Либерия Элен Ҷонсон-Серлиф, раиси ҷумҳури Сенегал Маки Салл, нахуствазири Эфиопия Хайлермариам Десален, раиси ҷумҳури Тунис Бедҷи Каид Эс-Себси, раиси ҷумҳури Нигерия Муҳаммаду Бухари ва нахуствазири Ироқ Ҳайдар Ал-Абадӣ, ки бо вай раиси ҷумҳури ИМА Барак Обама дидори дуҷониба низ хоҳад дошт.

Раҳбарони даъватшудаи кишварҳои африқоӣ масоили муқобала бо гурӯҳҳои тундгарои "Давлати исломӣ" ва "Боко Ҳарам" ва ҳамчунин пешниҳоди давлати Олмон барои таъсиси сандуқи вижа барои мубориза бо фақр, ки ҳадафаш наҷоти ним миллиард сокинон аз гуруснагӣ аст, баррасӣ мекунанд.

Ниҳодҳои беҳдоштӣ тарҳи Бонки ҷаҳонӣ барои таъсиси сандуқи мубориза бо бемориҳои сирояткунандаро баррасӣ мекунанд.

Натоиҷи ниҳоии ҳамоишро имрӯз баъд аз анҷоми ҷаласот садри аъзами Олмон Ангела Меркел ба унвони раҳбари кишвари мизбон ироъа хоҳад кард. Сипас нишастҳои хабарии ҷудогонаи раҳбарони кишварҳои дигари узви G7 баргузор мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0