Боздошти роҳбари ҷиноҳи “Ҳизб-ут-таҳрир” дар Санкт-Петербург

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кормандони фаврии ХФА яке аз пешвоёни ҷиноҳи петербургии созмони террористии “Ҳизб-ут-таҳрир”-ро боздошт карда, алъон баррасии парвандаи ӯ дар боздоштгоҳ идома дорад.

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Масъулини раёсати фаврии Хадамоти федералии амнияти Русия роҳбари ҷиноҳи "Ҳизб-ут-таҳрир" дар Санкт-Петербургро боздошт кардаанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба як манбаъ дар РХФА-и вилояти Ленинград.

"Шаҳрванди Русия, ки ба ҳайати роҳбарикунандаи ҷиноҳи созмони байналмиллалии тундрави "Ҳизб-ут-таҳрир" шомил буд, дастгир гардид",- афзуд манбаъ.

Бишкек. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Бишкек гурӯҳи занонаи “Ҳизб-ут-Таҳрир” маҳв шуд

Айни замон таҳқиқи парвандаи ӯ идома дошта, шеваи нигаҳдории ӯ дар боздоштгоҳ баррасӣ мегардад.

"Ҳизб-ут-таҳрир" дар Русия ташкилоти террористӣ эълом гардида, фаъолияти он манъ шудааст. Аъзоён ва ҷонибдорони ин созмон таҳти пайгард қарор доранд.

Маврид ба ёдоварист, аввоили моҳи равон дар вилояти Тула шаҳрванди Тоҷикистон Султонов бо ҷурми иртибот бо "Ҳизб-ут-таҳрир" аз сӯи мақомот дастгир гардид.

 

Лентаи хабарҳо
0