Дар Суғд оилаи намунавиро интихоб мекунанд

Коммунистҳои вилояти Суғд тасмими баргузории озмун таҳти унвони “Оилаи намунавӣ”-ро доранд, шарти асосӣ барои иштирокчиён аъзои ҲКТ будани яке аз ҳамсарон аст.

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Озмун миёни 14 хонавода, ки яке аз ҳамсарони оила узви ҳизби коммунистии Тоҷикистон бояд бошад, таҳти сарпарастии бахши вилоятии ҲК дар шаҳри Хуҷанд сурат мепазирад, менависад ОИ Авеста.

Макони баргузории озмун қаҳвахонаи мавсум ба "Сирдарё", ки дар маркази шаҳр воқеъ аст, эълон гардидааст. Ба қавли раиси ҷиноҳи ҲКТ дар вилояти Суғд Қурбонҷон Мирзоев чорабинии мазкур ба Соли оила бахшида мешавад.

Дар барномаи озмун баргузории викторина ва консерт дар назар дошта шудааст, меафзояд манбаъ.

Бино ба иттилои кумитаи иҷроияи ҲКТ дар вилояти Суғд теъдоди аъзои ин ташкилоти сиёсӣ дар қаламрави минтақа ба 18 ҳазору 378 нафар баробар буда, аз ин шумор беш аз 4 ҳазори эшонро бонувон ташкил медиҳанд.

Аз аввали сол ба ҳизби коммунистӣ беш аз 30 аъзои нав шомил гардида, теъдоди бештари ҷонибдорони ҲКТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (2831 нафар) ба сар мебаранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала