Барои ҳифзи манобеъи оби ОМ Қазоқистон $7,5 млрд масраф кардааст

© Пресс-служба президента ТаджикистанаБахитҷан Сагинтаев дар ҳамоиши "Об барои ҳаёт" суханронӣ мекунад. 9 июни соли 2015
Бахитҷан Сагинтаев дар ҳамоиши Об барои ҳаёт суханронӣ мекунад. 9 июни соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини аввали нахуствазири Қазоқистон изҳор дошт, ки аҳдофи даҳсолаи “Об барои ҳаёт” комилан иҷро нашудаанд ва пешниҳоди кишвараш барои таъсиси ду ниҳоди ҷадид дар заминаи танзими манобеъи обро ироъа кард.

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дар 10 соли ахир Қазоқистон барои ҳифзи манобеъи оби Осиёи Марказӣ $7,5 млрд масраф кардааст, хабар дод муовини аввали нахуствазири ин кишвар Бахитҷан Сагинтаев дар ҳамоиши "Об барои ҳаёт" дар Душанбе, менависад CA-News.

Ин маболиғ ба гуфтаи Сагинтаев аз будҷаи кишвар ва ҳамчунин ба унвони сармоягузорӣ ихтисос шудаанд. 10 соли гузаштаро вай аз лиҳози фаросиёсӣ ва фароиқтисодӣ душвор арзёбӣ кард.

Сафири ИМА: об дар ОМ метавонад манбаъи низоъ ё рушд гардад

"Ҳафт сол мешавад, ки иқтисоди ҷаҳонӣ наметавонад вазъи қаблии худро бозпас бигирад. Бо дарназардошти ин нукта тағйири иқлим сареътар аз он, ки интизораш будем, сурат мегирад. Дар ҳоле, ки манобеъ коҳиш меёбад, камбуди ғазо дар ҳоли афзоиш аст", — гуфт Сагинтаев.

Ин ҳама хатарот мунҷар шуданд, ки дар даҳ соли ахир аҳдофи Рушди ҳазорсола ва аҳдофи даҳсолаи "Об барои ҳаёт" комилан иҷро нашуданд.

Дар сомонаи ҳукумати Қазоқистон хабар дода шудааст, ки дар суханронии худ Сагинтаев пешниҳоди ин ҷумҳурӣ барои таъсиси сандуқи Осиёи Марказӣ барои иҷрои тарҳҳои обӣ ва маркази минтақавии амнияти обиро ироъа кард.

"Боз як пешниҳоди Қазоқистон ба бештар судовар кардани фаъолияти Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии истифода аз об, иттиҳодияҳои ҳавзаии обии "Сирдарё" ва "Амударё" рабт дорад", — зикр шудааст дар хабар.

Ба ҷуз аз ин Қазоқистон пешниҳод дорад, ки якҷо Таъаҳҳуди амнияти обӣ ва зистмуҳитӣ дар Осиёи Марказӣ таҳия ва имзо шавад. Аҳдофи ин санади ҷадиди панҷҷониба, ки бар пояи мавзини байналмиллалӣ таҳия мешавад, ҳалли мушкилоти равобит дар заминаи об бо дарназардошти воқеъияти феълӣ ва вижагиҳои минтақа ва ҷустуҷӯйи тавозуни манофеъ аст.

Лентаи хабарҳо
0