Бунёди Оқохон дар Бадахшон НБО месозад

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузаштан ба хазинаи аксМинтақаи ҳаммарз бо Афғонистон дар рӯдхонаи Панҷ. Акс аз бойгонӣ
Минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон дар рӯдхонаи Панҷ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Арзиши ин пружа, ки фақат аз ҳисоби сармояи хориҷӣ маблағгузорӣ мешавад $225 миллионро ташкил медиҳад.

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Барномаи рушди иқтисодии бунёди Оқохон санадҳои марбут ба бунёди НБО-и Санобод ва баҳогузории фаннии онро дар рӯдхонаи Панҷ ба зимма дорад, иттилоъ медиҳад сомонаи adlia.tj

Ҳукумати Тоҷикистон ва барномаи Оқохон оид ба рушд дар садади имзои ёддошти ҳусни тафоҳум дар мавриди баҳогузории техникии иншоот дар марҳилаи аввал қарор доранд.

НБО-и Санобод дар минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон, дар болои рӯдхонаи Панҷ сохта мешавад. Арзиши ин пружа, ки фақат аз ҳисоби сармояи хориҷӣ маблағгузорӣ мешавад $225 миллионро ташкил медиҳад.

Ба иттилоъи Бонки ҷаҳонӣ иқтидори НБО-и Санобод ба 125 МВт баробар буда, ифтитоҳи он дар соли 2020 дар назар гирифта шудааст. Барқи аз ин неругоҳ истеҳсолшаванда ҳудуди 3,5 сенти амрикоӣ арзиш хоҳад дошт.

Гуфта мешавад, барои сохтмони ин НБО бунёди обанбор зарурат надорад, зеро он бевосита дар дамгаҳи ҷараёни оби дарёи Панҷ эҳдос мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала