Чаҳор сарбози тоҷик аз асорати Толибон бо ёрии амири Қатар раҳо шуданд

© Flickr / The U.S. ArmyПограничный пункт. Архивное фото
Пограничный пункт. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷии Қатар гуфтааст, сарбозони тоҷик билофосила баъд аз раҳоияшон ба ихтиёри мақомоти Тоҷикистон супурда шудаанд.

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Чаҳор сарбози тоҷик, ки моҳи декабри соли гузашта аз сӯи Толибон дар марз бо Афғонистон ба гарав гирифта шуданд, бо кӯмаки давлати Қатар раҳо шудаанд, менависад хабаргузории Хомаи Афғонистон.

Ин хабаргузорӣ бо такя ба мақомоти умури хориҷии Қатар иттилоъ медиҳад, ки бо миёнаравии ин кишвар чаҳор сарбози тоҷик аз дасти Толибон раҳо ва ба мақомоти Тоҷикистон таслим шудаанд.

Рӯди Панҷ (Ому)- марзи муштараки миёни Афғонистону Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Раиси ноҳияи Панҷ: ба ҷои сарбозон “гаравгон”-и Толибон мешавам

"Миёнаравии мақомоти ин кишвар барои раҳоии сарбозони тоҷик дар асоси роҳнамоии шайх Тамим ибни Ҳамд Оли Сонӣ, амири давлати Қатар сурат гирифтааст", — менависад хабаргузорӣ.

Масъулини Вазорати умури хориҷии Қатар дар идома аз тамоми тарафҳое, ки дар раҳоии сарбозони тоҷик даст доштанд, миннатдорӣ карда, таъкид кардааст, "ин миёнаравии Давҳа бар асоси арзишҳои инсондӯстӣ сурат гирифта, Қатар аз тамоми роҳҳои дипломатӣ барои раҳоии сарбозони багаравафтодаи тоҷик истифода кард".

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки гуруҳи мусаллаҳи толибон, рӯзи 19 декабр, 4 марзбони тоҷик- Меъроҷиддин Шодиев, соли таваллудаш 1994, Фарҳод Калонов, соли таваллудаш 1996, Тӯйчибой Нурбоев, соли таваллудаш 1996, Сироҷ Давлатов, соли таваллудаш 1991- ро дар ҳоле ба асорат гирифтанд, ки сарбозони тоҷик дар марз бо вулусволии Имом Соҳиби Афғонистон ба ҳезумчинӣ машғул будаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала