Тоҷикистон Комитети миллии соддасозии наҳваи тиҷоратро таъсис медиҳад

Таъсиси комитети миллии соддасозии наҳваи тиҷорат шарти ҳатмии талаботи Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар чаҳорчӯби Қарордоди ин созмон дар бораи соддасозии наҳваи тиҷорат (TFA) аст, ки онро порлумони Тоҷикистон дар моҳи майи соли ҷорӣ тасвиб карда буд.

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон Комитети миллии соддасозии наҳваи тиҷоратро таъсис медиҳанд, ки сохтор, муқаррарот ва аҳдофи он рӯзи 13 июн дар Душанбе матраҳ шуда буд, омадааст дар баёнияи расмии Маркази байналмиллалии тиҷорат (МБТ).

Таъсиси ин ниҳод шарти ҳатмии талаботи Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар чаҳорчӯби Қарордоди ин созмон дар бораи соддасозии наҳваи тиҷорат (TFA) аст. Ин санадро порлумони Тоҷикистон дар моҳи майи соли ҷорӣ тасвиб карда буд.

Пуштибонии иҷрои муваззафоти Тоҷикистон дар чаҳорчӯби TFA, иҷрои нақши миёнҷигарӣ дар миёни ҳукумати ҶТ ва Комитети СҶТ барои соддасозии наҳваи тиҷорат, кӯмак ба ҳукумати кишвар барои мушшахас кардани авлавиятҳо зимни пуштибонии сармоягузорӣ ва ҳамчунин назорати иҷрои куллияи муваззафот қарордоҳои дуҷониба аз аҳдофи аслии Комитети миллӣ хоҳанд буд.

Масоили соддасозии наҳваи тиҷорат фаъолияти бештаре аз вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои дигар, туҷҷори хусусиро дар бар гирифта вуҷуди ниҳоди вижаеро, ки ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ миёни онҳоро таъмин мекунад, тақозо дорад.

"Ин ниҳод имкон медиҳад, ки дар заминаи рушд бо шарикони тиҷоратӣ мустақилона ва судманд музокирот баргузор шаванд ва бахши хусусӣ зимни таъсиси чунин ниҳод шароит пайдо мекунад, ки зимни тасмимгириҳои сиёсӣ дар заминаи соддасозии шароити тиҷорат, бавижа дар сатҳи қонунгузорӣ, наҳвагӣ ва танзимӣ мушорикат кунад", — иқтибос овардааст МБТ аз суханони мушовири байналмиллалии худ дар умури наҳваи тиҷорат Амир Зафар Дурронӣ.

Дурронӣ, ки ба тими вазорати рушди иқтисод ва тиҷорат ҶТ зимни таъсиси Комитети миллии соддасозии наҳваи тиҷорат кӯмак мекунад, низ бар ин назар аст, ки барои дарозмуддат шароити тиҷорати Тоҷикистон аз таъсиси чунин ниҳод суде хоҳад дошт, зеро зимни анҷоми додуситади байналмиллалӣ дар заминаи молия ва масрафи вақт имтиёзоте ба даст хоҳад овард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала