Додситонии ФР боздоштгоҳҳои муҳоҷиронро ба тартиб медарорад

© Sputnik / Игорь Агеенко / Гузаштан ба хазинаи аксБоздоштгоҳи махсус барои муҳоҷирон дар вилояти Амур. Акс аз бойгонӣ
Боздоштгоҳи махсус барои муҳоҷирон дар вилояти Амур. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ба қавли Буксман, маводи тавсиявӣ дар бораи тафтишу санҷиши муассисаҳои махсус низ таҳия ва омода хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Прокуратураи генаралии Русия дар садади тасвиби як санад дар бораи санҷишу танзими муассисаҳое аст, ки он ҷо шаҳрвандони хориҷӣ ба сар мебаранд, иттилоъ медиҳад сомонаи Шӯрои назди райисҷумҳури ФР оид а ҳуқуқи инсон.

Аз моҳи апрели соли гузашта боздоштгоҳҳои вижа аз тобеъияти пулис ба ХФМ гузаронида шуданд. Аммо Хадамот дар ин росто бо мушкилот мувоҷеҳ гардид: мақомоти ҳокимияти маҳаллии Русия аснои бунёди марказҳои зарурӣ бо ХФМ ҳамкориро дуруст ба роҳ намонданд — дар саросари ФР бояд 80 муассиса сохта ба истифода дода мешуд.

"Барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар боздоштгоҳҳои муваққатии Русия ба сар мебаранд, Додситонии кулли ФР санадеро оиди танзим ва тафтиши муассисаҳои марбута ба имзо хоҳад расонд",- қайд мешавад дар номаи муовини аввали Прокуратураи генералии Русия Александ Буксман.

Ба қавли ӯ, маводи тавсиявӣ дар бораи тафтишу санҷиши муассисаҳои махсус низ таҳия ва омода хоҳад шуд.

Соли 2014 дар як қатор боздоштгоҳҳои муҳоҷирон дар вилоёти Вологда, Кострома ва Самара нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ ба мушоҳида расида, бо дахолати мақомот камбудиҳо бартараф гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала