Расонаҳо: пешниҳод аст, ки Горбачевро хоини ватан эълом кунанд

© Sputnik / Александр ВильфМихаил Горбачев. Акс аз бойгонӣ
Михаил Горбачев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вакилони Думои давлатӣ аз ҷиноҳи “Русияи воҳид” бар ин назаранд, ки нахустин раиси ҷумҳури Иттиҳоди Шӯравӣ аъмоле содир кардааст, ки ба унвони хоини Ватан дониста мешавад. Онҳо аз додситони кулли ФР хостаанд, ки ба аъмоли вай арзёбии ҳуқуқӣ дода шавад.

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Вакилони Думои давлатии Русия Антон Романов ва Евгений Федоров аз додситони кулли ФР Юрий Чайка дархост кардаанд, ки нахустин раиси ҷумҳури Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев хоини ватан эълом карда шавад, хабар медиҳад РИА Новости.

Вакилони Думои давлатӣ аз ҷиноҳи "Русияи воҳид" пешниҳод доранд, ки қонунӣ будани таъсиси Шӯрои давлатии Иттиҳоди Шӯравиро баррасӣ кунанд, зеро ин ин ниҳод ғайриқонунӣ буда тасмимоте иттихоз кардааст, ки ба истиқлол, амният ва зарфияти дифоъии кишвар хисороти бузург ворид кардааст.

"Дар соли 1991 бидуни воридсозии ислоҳоти зарурӣ ба Қонуни асосии Иттиҳоди Шӯравӣ ниҳоди ҷадиде таъсис дода шуд, ки онро қавонин пешбинӣ накардааст, вале тасмимоти он барои иҷро ҳатмӣ дониста шуда буд", — омадааст дар нома.

Зикр шудааст, ки бо тасмимоти Шӯрои давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлоли Латвия, Литва ва Эстония ба расмият шинохта шуд ва ба ин тартиб ихроҷи қисми муҳими қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ қонунӣ дониста шуд.

"Ин амр боъиси аз даст рафтани бандарҳо ва қаламрави баҳрӣ шуд, ки фазои воҳиди дифоъии кишварро латма карда ба бурузи мушкилот дар равобити иқтисодӣ бо ҷамоҳири соҳили Балтик мунҷар шуд", — таъкид кардаанд вакилон.

Муаллифони нома бар ин назаранд, ки ин аъмол ҷиноёти сангин аст ва бояд тибқи моддаи 64 Қонуни ҷиноии Русия — "хиёнат ба Ватан, яъне амали амдами шаҳрванди Иттиҳоди Шӯравӣ алорағми истиқлол, дастнопазирии қаламрав ва ё амнияти давлатӣ ва дифоъии Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад" дониста мешавад, зеро тибқи банди 1 моддаи 9 Қонуни ҷиноии ФР ҷиноят ва ҷазои аъмол тибқи қонуни ҷиноии замони судури ҷиноят баррасӣ карда мешавад.

Аз Додситони кулл дархост шудааст, ки муқаррароти қонуни соли 1991 дар бораи мақоми қонунии Шӯрои давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳамчунин Шӯрои Олӣ ва раиси ҷумҳури Иттиҳоди Шӯравиро баррасии қонунӣ кунад.

Шӯрои давлатӣ, ки моҳи сентябри соли 1991 таъсис шуда буду онро Қонуни асосии Иттиҳоди Шӯравӣ дар назар надошт, ниҳоди муваққатӣ дониста мешуд. Ба ҳайъати он раиси ҷумҳури Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев ва мақомоти даҳ ҷумҳурии шӯравӣ шомил буданд.

26 декабри соли 1991 Шӯрои Ҷамоҳири Шӯрои Олӣ ва Шӯрои давлатӣ, ки низ Қонуни асосӣ вуҷуди онро дар назар надошт, Баёнияи №142-Н дар бораи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба далели таъсиси ИДМ тасвиб кард.

Лентаи хабарҳо
0