Расонаҳо: низомиёни афғон тайи як рӯз 80 ҷангиро куштанд

Операция по ликвидации боевиков движения Талибан. Архивное фото
Аз 34 вулусволии Афғонистон дар 11-тои он амалиёти вижаи мақомоти қудратии ин кишвар алайҳи ҷангҷӯён баргузор гардид.

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Тайи як шабонарӯзи ахир, ки амалиёти махсуси мақомот алайҳи гурӯҳҳои ифротӣ дар Афғонистон идома дошт, 7 сарбози артиш ба ҳалокат расид, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба оҷонсии Синхуа.

Дар гузоришҳо омадааст, ки дар ин муддат беш аз 80 ҷангӣ нобуд карда шудааст.

"Дар пайи баргузории амалиёти вижаи мақомот алайҳи тундравон дар Афғонистон 83 ҷангӣ кушта ва 116 нафари дигар захмдор шуданд. Инчунин, 5 тани эшон дастгир гардид",- менависад Синхуа бо такя ба изҳороти вазорати мудофиа.

Гуфта мешавад, аз 34 вулусволии Афғонистон дар 11-тои он амалиёти вижаи мақомоти қудратии ин кишвар алайҳи ҷангҷӯён баргузор гардид.

Қаблан, ҷиноҳи ҳаракати "Толибон", ки дар қаламрави Афғонистон фаъолият мекунад, дар бораи оғози ҳамлаҳои баҳорӣ алайҳи ҳукумат эълом карда буд. Мақомоти амниятӣ ва қудратии Афғонистон ба таври ҳамешагии амалиётҳои густурдаро алайҳи ҷангиён роҳандозӣ менамоянд.  

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала