Тоҷикистон-Бангладеш: натиҷаи мусовӣ ва норозигӣ

© Официальный сайт ФФТБозигарони дастаи "Истиқлол". Акс аз бойгонӣ
Бозигарони дастаи Истиқлол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, баъди бозӣ бо тими миллии Бангладеш аз бозии футболбозони худ изҳори норозигӣ кард.

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар даври дуюми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи "В" бозиро бо тими миллии Бангладеш бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод, иттилоъ медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, ин бозӣ дар шаҳри Дакка бегоҳи сешанбеи 16 июн ба анҷом расид. Голи бангладешиҳоро Ҷаҳид Ҳасан дар дақиқаи 50-ум ва голи дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 88-ум ба ҳадаф расонданд.

Ҳамзамон, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Мӯҳсин Муҳаммадиев баъди бозӣ, аз бозии футболбозони худ, инчунин аз баъзе тасмимҳои сардовар изҳори норозигӣ кард.

"Довар тамоми бозиро расво кард. Гол ба дарвозаи мо баъди ҷарима, ки беасос буд, зада шуд. Ду бозигари рақиб бо оринҷи даст ба чашми Аҳтам Назаров мезананд, вале сардовар ба ин аҳамият намедиҳад",- иброз дошт сармурабии тими Тоҷикистон.

Ба қавли Муҳаммадиев, ба намояндагони Федератсияи футболи Бангладеш зарур буд, ки масъалаҳои ташкилиро хубтар ҳал намоянд. "Мо то тамрингоҳ дуввуним соат роҳро тай кардем ва ҳамин қадар вақт барои бозгашт ба меҳмонхона сарф шуд. Дар ягон ҷой дар ҷаҳон чунин муносибат нест".

Дар бозии дигари гурӯҳи "В" дастаи мунтахаби Қирғизистон дар майдони худ аз тими миллии Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, бо ҳисоби 1-2 мағлуб гашт.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи "В" се даста — Ӯрдун, Австралия ва Қирғизистон сеимтиёзӣ, Бангладеш ва Тоҷикистон якимтиёзӣ доранд.

Мунтахаби Тоҷикистон бозии навбатиро рӯзи 8-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими миллии Австралия анҷом медиҳад.

 

Лентаи хабарҳо
0