Куштори оммавии зоирин дар Чарлстон

© AP / David GoldmanПулиси амрикоӣ дар назди дари калисои Чарлстон. 17 июни соли 2015
Пулиси амрикоӣ дар назди дари калисои Чарлстон. 17 июни соли  2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилои пулиси Чарлстон, марди сафедпӯсти тахминан бистсола ба сӯи зиёраткунандагон аз силоҳ оташ кушод.

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Бар асари тирпарронӣ, ки як мард дар калисои Чарлстони аёлати Каролинаи ҷанубӣ оғоз кард, 9 нафар ба ҳалокат расиданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба намояндаи пулис.

Ин мард дар калисои шаҳри Чарлстони аёлати Каролинаи ҷанубӣ аз силоҳ оташ кушода, 9 нафарро ба ҳалокат расонд, иброз дошт дар нишасти матубуотӣ намояндаи пулиси шаҳр. Қайд гардид, ки 8 одам дар маҳалли ҳодиса кушта шуда, ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои сангин ба касалхона интиқол ёфтанд. Дар беморхона яке аз ин ҷабрдидаҳо низ фавтид.

Ба қавли сардори пулиси шаҳр Грегори Маллен қатли омми сокинон дар заминаи адовату бадбинӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

"Ман фикр мекунам, ки ин ҷиноят дар заминаи адовату бадбинӣ ба амал омадааст",- гуфт Маллен аснои нишасти матбуотӣ. Аммо ӯ нагуфт, ки сухан дар бораи кадом адовату бадбинӣ меравад.

Сардори пулис қайд кард, ки бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят фарди сафедпӯсти тахминан 20-сола кофтукоб мешавад. Ба қавли ӯ, айни замон дар маҳалли ҳодиса намояндагони "як қатор мақомоти махсуси федералӣ" қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0