Боздошти шаҳрванди ҶТ дар Брест, ки дар пайгард қарор дошт

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Шаҳрванди Тоҷикистон аснои тафтиши аснод дар истгоҳи марзии Брести Шарқӣ боздошт гардидааст.

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Мақомоти қудратии Беларус аз боздошти як зани 29-сола, шаҳрванди Тоҷикистон хабар доданд, ки аз сӯи мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дорад, менависад сомонаи БЕЛТА.

Ӯ ҳангоми сафар аз Русия ба Беларус дар қатори роҳи оҳан дар посгоҳи марзии Брести Шарқӣ боздошт шудааст.

"Ба қавли мақомот, санадҳои ин зан мушкиле надоштанд ва ӯ бо сабабе боздошт шудааст, ки исмаш аз сӯи Тоҷикистон ба рӯйхати афроди мавриди ҷустуҷӯи ҷиноӣ шомил будааст",- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ менависад, хабаргузори БЕЛТА аз ин зан ном набурдааст, аммо эҳтимол меравад, ки ӯ сокини 29-солаи шаҳри Кӯлоб Шабнам Худойдодова бошад, ки ҳамчун узви  фаъоли «Гурӯҳи 24», як созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон муаррифӣ гардидааст. Вақтҳои ахир Шабнам Худойдодова дар шаҳри Санкт-Петербург зиндагӣ мекард ва дар масъалаи муҳоҷирони корӣ ва зарурати тағйироти демократӣ дар кишвараш бо имзои мустаор назар медод. Ҳадафи сафари Шабнам Худойдодова ба Беларус дарёфти паноҳандагии сиёсӣ аз Созмони Милали Муттаҳид будааст.

Ӯ баъди боздошташ дар Беларус тавонистааст хоҳарашро, ки дар Русия ба сар мебарад, аз қазия огоҳ кунад. Дафтари СММ оид ба муҳоҷират дар Минск ба радиои Озодӣ таъйид кардааст, ки хабари дар қаламрави Белорус боздошт шудани шаҳрванди Тоҷикистонро дастрас кардааст.  

 

Лентаи хабарҳо
0