Номаи Кумитаи дин ба ҲНИТ: суфраи рамазонӣ наороед

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, Кумитаи дин бо ирсоли як нома аз онҳо тақозо кардааст, ки дар дафтари марказии ин ҳизб дар шаҳри Душанбе аз оростани суфраи рамазонӣ ва баргузории намози таровеҳ худдорӣ кунанд.

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз ҲНИТ хостааст, ба оростани суфраи рамазонӣ ва баргузории намози таровеҳ дар дафтари марказии худ хотима бахшад, менависад сомонаи ин ҳизб.

Дар номаи Кумитаи дин, ки рӯзи 18 июн бо имзои Ҷумъахон Ғиёсов, муовини раиси ин ниҳод ба Ҳизби наҳзати исломӣ ирсол шудааст, зикр шудааст, ки оростани суфраи рамазонӣ ё додани ифтор ва баргузории намози таровеҳ дар қароргоҳи ҳизб дар шаҳри Душанбе зидди Қонуни ҶТ "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" аст.

"Талаботи ин қонун аз тарафи ҳизб риоя нашуда, бо оғози моҳи Рамазон дар қароргоҳи ҳизб бо иштироки шумораи зиёди шаҳрвандон намози таровеҳ ва хурдани таом сурат мегирифтааст", — омадааст дар номаи Кумита.

Ин нома ва талаби Кумитаи дин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар паёми рамазонии худ ба анҷоми корҳои хайр даъват кард, омадааст дар сомонаи ин ҳизб.

"Гузашта аз ин анъанаи оростани суфраи рамазонӣ ва баргузории намози таровеҳ дар қароргоҳи марказӣ бори аввал нест ва аз замони раёсати Сайид Абдуллоҳ Нурӣ боқӣ мондааст", — навиштааст сомона.

Зимнан, Қонуни ҶТ "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ", ки дар соли 2008 қабул гардид, баргузории намозро дар маҳалли кор манъ кардааст. Дар ин баробар, тановули ғизо дар масоҷид низ мамнӯъ эълон шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала