Гумонбар дар қатли оммавии сокинони Чарлстонро ба додгоҳ мебаранд

© AP / Ben EarpДилан Сторм Руф (дуввум аз тарафи чап) дар куштори оммавии сокинони Чарлстон муттаҳам дониста мешавад
Дилан Сторм Руф (дуввум аз тарафи чап) дар куштори оммавии сокинони Чарлстон муттаҳам дониста мешавад - Sputnik Тоҷикистон
Дар ИМА таҷрибаи истирдоди боздоштшуда аз як иёлат ба иёлати дигар вуҷуд дорад.Дар сурати муқобилият кардани гумонбар истирдоди ӯ ба минтақаи дигар вақти зиёдеро мегирад ва на ҳама вақт муваффақ ба истирдоди ӯ мегарданд.

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Дилан Сторм Руф, ки бо иттиҳоми даст доштан дар куштори оммавии сокинони Чарлстон муттаҳам дониста мешавад, дар иёлати Каролинаи шимолӣ дастгир гардида, ба додгоҳи Каролинаи ҷанубӣ ҳозир карда мешавад, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

"Гумонбари ҳодисаи мазкур дар шаҳри Чарлстон Дилан Сторм Руф таҳти назорати махсуси мақомот аз иёлати Каролинаи шимолӣ ба додгоҳи Каролинаи ҷанубӣ ҳозир карда мешавад",- менависад оҷонсӣ дар такя ба хабари CNN.

Куштори оммавии зоирин дар Чарлстон

Дар ИМА, қайд мекунад хабаргузорӣ, ҷараёни истирдод аз як иёлат ба иёлати дигар роиҷ аст. Дар сурати муқобилият кардани гумонбар истирдоди ӯ ба минтақаи дигар вақти зиёдеро мегирад ва на ҳама вақт муваффақ ба истирдоди ӯ мегарданд.

Гуфта мешавад, муттаҳам дар қатли одамон дар Чарлстон муқобилият нишон надодааст ва дар зудтарин фурсат ба ҷои зарурӣ расонида мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала