Кабирӣ тасмим дорад, то иди Ваҳдат ба ватан баргардад

© Sputnik / Амир ИсаевМуҳиддин Кабирӣ рӯзи интихоботи парлумонӣ 1 марти соли 2015
Муҳиддин Кабирӣ рӯзи интихоботи парлумонӣ 1 марти соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ гуфтааст, сарфи назар аз сару садоҳо дар бораи боз шудани парвандаи ҷиноятӣ алайҳаш, то ҷашни Ваҳдати миллӣ ба кишвар бармегардад.

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфтааст, то 27 июн — Рӯзи Ваҳдати миллӣ — ба кишвар бармегардад, навиштааст "Радиои Озодӣ".

Номаи Кумитаи дин ба ҲНИТ: суфраи рамазонӣ наороед

Вай дар суҳбате ихтисосӣ бо ин радио сафари тӯлониашро дар хориҷ аз ватан шарҳ дода, гуфтааст, ин буду бош аз қабл тарҳрезишуда буд.

"Аз қабл гуфта будам, ки сафарам на камтар аз ду моҳ мешавад. Ҳам табобат буд ва ҳам ширкат дар чанд конфронси байнулмилалӣ. Албатта, таҳдидҳои видеоиро мо ҷиддӣ гирифтем, хусусан, пас аз он ки коршиносон ба гурӯҳҳои ифротӣ рабт доштани онҳоро зери суол бурданд. Агар таҳдид аз тарафи гуруҳҳои ифротӣ бошад, чандон хатарнок нест, чун зиёд ингуна таҳдидҳоро кардаанд ва мақомоти давлатӣ ҳам масъул ҳастанд, ки дар чунин ҳолат ҳимоят кунанд. Аммо, вақте тарафи таҳдидкунанда мушаххас нест, дигар осебпазирӣ бештар мешавад", — бо ишора ба нашри видеои таҳдидомезе гуфтааст ҷаноби Кабирӣ.

Нашрияи расмии Тоҷикистон бохти ҲНИТ дар интихоботро шарҳ дод

Аммо дар мавриди ишораи ахири як муаллифи ношиноси рӯзномаи давлатии "Ҷумҳурият", ки навишта буд, "вақт аст алайҳи Кабирӣ парвандаи ҷиноӣ боз шавад",  раиси ҲНИТ посух додааст, ки "агарчӣ ишораи рӯзномаи расмӣ дар бораи имконияти парванда маънии васеъ дорад ва ин сарусадоҳоро ба вуҷуд овард, аммо ин наметавонад сабаби дар берун истодан шавад".

"Ҳамин вазъиятро ҳамаи аъзои ҳизб доранд, фишор болои онҳо аз ман бештар аст, парвандаҳо ҳам тайёранд. Мо наметавонем ҳамаро берун биёрем. Бинобар ин, сарусадоҳо дар бораи парванда омили асосӣ нест", — афзудааст Кабирӣ.

Баъд аз анҷоми интихоби парлумонӣ, ки 1 марти имсол барпо шуд, раиси ҲНИТ тарки Тоҷикистон кард. Баъд аз рафтани вай дар интернет наворе паҳн гардид, ки шахси ниқобпӯш Кабириро таҳдид мекард. Ахиран, рӯзномаи расмии Ҳукумати Тоҷикистон "Ҷумҳурия", таҳти унвони "Тиҷорати пушти пардаи Кабирӣ" ӯро ба ғайриқонунӣ хусусӣ кардани чандин иншооту заминҳо дар солҳои ба истилоҳ "бесоҳибӣ" айбдор кард.

Лентаи хабарҳо
0