Даҳҳо нафар аз раҳбарон ва фаъолони ноҳиявии ҲНИТ аз ҳизб берун шуданд

© SputnikНишони ҲНИТ дар бинои ҳизб дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Нишони ҲНИТ дар бинои ҳизб дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раҳбарони чанд созмонҳои минтақавӣ ва фаъолони танҳо ҳизби расмии сабти ном шудаи исломӣ дар Осиёи Марказӣ изҳор доштанд, ки ба далели шикасти ормонҳо аз фаъолияти ҲНИТ суфуфи онро тарк мекунанд.

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дар ҳафтаи гузашта дар Youtube беш аз 20 навори видеоӣ пайдо шуд, ки дар онҳо раҳбарон ва фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар бораи тарки суфуфи он хабр доданд.

Наворҳои видеоӣ аз ҷумла дар сафҳаи муштарӣ Azrab Atahojaev ҷой дода шудаанд.

"Бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд аз 20 июни соли 2015 фаъолияти худро қатъ месозад", — изҳор дошт дар суханронии худ раҳбари бахши ин ҳизб дар вилояти Суғд Муллоаббос Раҷабзода, ки дар ин симмат аз соли гузашта ифои вазифа мекард.

Нашрияи расмии Тоҷикистон бохти ҲНИТ дар интихоботро шарҳ дод

Дар бораи тарки суфуфи ин ҳизб ҳамчунин раҳбарон ва фаъолони ҳизбии Конибодом, Исфара, Хуҷанд, Ашт, Айнӣ, Нуробод, Ҷирғатол, Рашт ва Восеъ эълом доштанд.

Дар муроҷиаnи онҳо аз ҷумла шиорҳое назири "Ислом ба ҳизби сиёсӣ ниёз надорад", "Мо ҷонибдори сиёсати Ҷаноби Олӣ", "Аз ҲНИТ ҳеҷ суде нест" садо додаанд.

"Агар ҲНИТ ваҳдат ва субботи кишварро халадор мекарда бошад, пешниҳод дорем, ки фаъолияти он мамнӯъ карда шавад ва дар ин бора ман раҳбарияти ҳизбро огаҳ сохтаам", — гуфт раҳбари пешини бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд, мушовири раҳбари ҳизб Илҳом Ёқубов.

Дар ҳамин ҳол рӯзи душанбе ҳиз, дар робита ба ин мавзӯъ нишасти хабарӣ баргузор мекунад, менависад хабаргузории "Азия-Плюс".

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала