Марзбонони раҳошуда ба хизмат баргаштанд

Аз чаҳор сарбози неруҳои марзбонии Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта аз асорати Толибон раҳо шуданд, се нафар ба хизмат идома медиҳанд ва як нафари онҳо ба назди волидонаш бармегардад.

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Аз чаҳор сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки аз асорати гуруҳи Толибон ҳафтаи гузашта раҳо шуданд, се нафар ба идомаи хизмат шурӯъ карданд ва як нафари эшон ба назди волидонаш баргаштааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Як мақоми Сарраёсати марзбонии Тоҷикистон 22 июн ба "Озодӣ" гуфтааст, дар нимаи аввали рӯзи ҷумъаи гузашта, ин чаҳор сарбоз ба ихтиёри волидонашон дода шудаанд.

"Вале азбаски се нафари онҳо хизмати худро ба поён нарасонидаанд, дар қисми ҳарбии Сарраёсат воқеъ дар пойтахт ба идомаи хизмати худ ҷалб карда шуданд ва як нафари онҳо чун муҳлати хизмати худро ба охир расонида буд, ба хонаашон баргашт", — гуфтааст манбаи "Озодӣ".

Ба ин тартиб Фарҳод Калонов, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ба назди волидонаш баргашт ва Меҳроҷ Шодиев, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, Тӯйчибой Норбоев, бошандаи ноҳияи Панҷакент ва Сироҷ Давлатов, истиқоматкунандаи ноҳияи Қумсангир ба хизмат идома медиҳанд.

Фатҳулло Шодиев, падари Меҳроҷ Шодиев ба "Озодӣ" гуфтааст, фарзандаш як соли дигар барои анҷоми пурраи хизмати аскарӣ ҷалб шудааст ва дар яке аз қисмҳои ҳарбии шаҳри Душанбе адои хизмат мекунад. Мухтор Калонов, падари Фарҳод гуфтааст, писараш аз се рӯз ба ин тараф дар назди бародарону хоҳаронаш аст ва вазъи саломатиаш хуб мебошад ва ҳеҷ шикояте надорад.

"Ақаллан як ҳафта — ду ҳафта ҳамроҳи мо бошад, аз дидораш сер шавем, баъд масъалаи кору фаъолияташро мебинем", — гуфтааст Мухтор Калонов.

Волидони чаҳор марзбони тоҷик, ки тоза аз асорати гуруҳи "Толибон" раҳо шудаанд, зӯҳри 17 июн дар Душанбе бори аввал ба дидори фарзандони худ расиданд. Мақомоти давлатии Тоҷикистон рӯзи 16 июн хабар доданд, чаҳор сарбози тоҷик, ки аз моҳи декабри соли 2014 дар асорати гуруҳи "Толибон" буданд, озод ва рӯзи 11 июни соли ҷорӣ ба Тоҷикистон оварда шудаанд.

Ин сарбозони тоҷик 19 декабри соли гузашта ҳангоми ҷамъоварии ҳезум дар соҳили рӯдхонаи Панҷ аз ҷониби гуруҳе аз Толибон рабуда шуданд. Гуфтушунидҳои ибтидоӣ барои раҳоии онҳо натиҷа надод ва ошӯбгарон дар охирҳои моҳи феврали соли равон гаравгонҳои худро ба дарунтари вилояти Кундузи Афғонистон интиқол доданд.

Вазорати умури хориҷии Қатар рӯзи 14 июн иттилоъ дод, ки чаҳор марзбони тоҷик, ки моҳи декабри соли гузашта дар шимоли Афғонистон аз сӯи гуруҳи Толибон рабуда шуданд, бо мусоидати амири он кишвар Шайх Тамим Бин Ҳаммад Ал-Сонӣ раҳо шудаанд. Дар баёнияи Вазорати умури хориҷии Қатар гуфта мешуд, ки раҳоии ин чаҳор марзбони тоҷик аз асорати Толибон "бар асоси арзишҳои инсондӯстӣ аз ҷониби кишвари Қатар" сурат гирифта ва "Доҳа ҳама талошҳои дипломатиро анҷом дод, то ин сарбозон наҷот ёбанд".

Ба дунбол, Толибон бо нашри як баёния эълон карданд, ки "бо ҳадафи ҳамкориҳои хуб бо мардуми Тоҷикистон ва тақвияти муносибот дар оянда", чаҳор марзбони ба асоратуфтодаи тоҷикро озод кардааст.

Хабаргузории расмии Тоҷикистон — "Ховар" низ шоми 16 июн хабаре дар ин робита нашр кард, аммо дар он, дар бораи шарту шароити раҳоии сарбозон чизе гуфта нашуда буд. Дар ин хабар танҳо омада буд, ки "дар натиҷаи гуфтушуниди расмӣ ва дидани чораҳои махсус, сарбозони қисми низомии 2610-ро, ки 17 декабри соли 2014 дар минтақаи сарҳадии 128/2-и Тоҷикистон, ки силоҳбадастони номаълум ба қаламрави Афғонистон бурданд, аз асорат озод карда, ба ватан баргардонданд."

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала