БҶ ироаи $22 миллионро ба Тоҷикистон тасдиқ кард

Обуна шудан
НовостиTelegram
Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ чунин меҳисобанд, ки маболиғи ҷудошуда барои 10 ҳазор нафар ҷои кор муҳайё карда, обёрӣ ва коркарди наздик ба 70 ҳазор гектар замини Тоҷикистонро беҳтар мегардонад.

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) барои рушди бахши обёрӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва тандурустии Тоҷикистон $22 млн ихтисос медиҳад, менависад оҷонсии АБН.

Дар ин бора намояндагони ин ниҳоди байналмиллалии молӣ рӯзи душанбе дар ҳамойиши матбуотӣ иброз доштанд.

Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба маблағи $323 млн тарҳҳоро иҷро мекунад

Ба қавли коршиносони БҶ, ин маболиғ ҷиҳати рушди низоми ирригатсионӣ дар бахши кишоварзӣ ва беҳ гардонидани вазъи тандурустӣ масраф хоҳанд шуд. Гуфтанист, ин пружа имкон медиҳад, ки барои 10 ҳазор нафар ҷои кор муҳайё шавад ва обёриву  коркарди наздик ба 70 ҳазор гектар замини Тоҷикистонро беҳтар гардад.

Дар маҷмӯъ, Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба вазъи обёрӣ ва кишоварзии Тоҷикистон, инчунин таъсиси ҷойҳои корӣ  $45,9 миллион масраф карданист. Барои ислоҳоти низоми тандурустии кишвар бошад ҷудо кардани $19,8 миллион дар назар аст.

Бонки ҷаҳонӣ шурӯъ аз соли 2013 ба ин пружаҳо таваҷҷӯҳ зоҳир карда, ҳаҷми умумии маболиғе, ки дар ҳоли ҳозир тибқи ин лоиҳаҳо дар Тоҷикистон масраф мешаванд, $323,4 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, БҶ тайи 19 соли ахир ба Тоҷикистон тариқи қарзҳои бебозгашт ва имтиёзнок ҳудуди $1 миллиард ҷудо кардааст.

 

 

Лентаи хабарҳо
0