БҶ баТоҷикистон наҳваи ҷадиди мушшахассозии мизони фақрро меомӯзад

© Commons.wikimediaДафтари марказии Бонки ҷаҳонӣ дар Вашингтон. Акс аз бойгонӣ
Дафтари марказии Бонки ҷаҳонӣ дар Вашингтон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Наҳваи ҷадиди Бонки ҷаҳонӣ, ки бо мусоидати молии вазорати рушди байналмиллалии Бритониё таҳия шудааст, имкон медиҳад мизони зиндагии аҳолӣ ҳар се моҳ мушшахас шавад.

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар моҳи апрели соли 2015 дар Тоҷикистон наҳваи ҷадиди мушшахассозии мизони фақр дар кишвар таъйид карда шуд ва алаккай нахустин пажӯҳишҳо анҷом шудаанд, ки натоиҷи онҳо дар зудтарин фурсат эълом хоҳанд шуд, омадааст дар баёнияи Бонки ҷаҳонӣ.

Истифода аз наҳваи ҷадиди Бонки ҷаҳонӣ барои мушшахассозии мизони фақр дар Тоҷикистон бар ӯҳдаи Агентии омори назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.

Халтаҳои орд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
СММ барои Тоҷикистон аз Қазоқистон орд мехарад

Наҳваи ҷадид, ки бар пояи таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонии мушшахассозии мизони фақр таҳия шудааст бо мусоидати Бонки ҷаҳонӣ ва кӯмаки молии вазорати рушди байналмиллалии Бритониё (DFID) анҷом ёфтааст.

Ба гуфтаи муовини раиси агентии омор Қиёмуддин Норов, ин тарз имкон медиҳад вазъи зиндагии мардум ҳар се моҳ мушшахас карда шавад.

"Ин имкон медиҳад, ки гузоришҳои зирабт таҳия шаванд, ки ба бозрасии раванди фақр кӯмак карда барои ихтисоси тасмимоти сиёсӣ иттилоъи зарурӣ фароҳам месозад", — гуфт вай.

Дар Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки навҳаи ҷадид қадами муҳимест барои таҳия ва бозрасии ду ҳадаф — "Наҳваи рушди миллии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2030" ва "Наҳваи миёнмуддати рушд барои солҳои 2016-2020". Ин имкон медиҳад, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ба сурати мунтазам иттилоъи комил ва воқеъӣ дар бораи хонаводаҳо дастрас карда гузоришҳо дар бораи фақр ва нишондодҳои онро таҳия кунад.

Тибқи омори ахири Бонки ҷаҳонӣ ва ҳукумати Тоҷикистон, ки бар пояи наҳваи қаблӣ таҳия шудааст, мизони фақр дар Тоҷикистон аз 37,4% то 32% дар миёни солҳои 2012 ва 2014 коҳиш ёфта ва мизони фақри ниҳоӣ (аз рӯйи наҳваи фақри ғизоӣ 2,250 ккал барои як нафар дар як шабонарӯз ҳисобида мешавад) аз 20% соли 2012 то 16,8% соли 2014 коҳиш ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0