Тазоҳуротчиён дар Ереван зери борон суруд мехонданд ва рақс мекарданд

Обуна шудан
Сокинони Арманистон дар муқобили афзоиши нархи барқ дар кишвар даст ба эътирози оммавӣ заданд.Дар навор бубинед, ки тазоҳургарон чӣ тавр худро аз борон наҷот медоданд.

Гирдиҳамомадагон дар Ереван зери борон дар майдони Баграмян сурудҳои ватандӯстӣ хонда, рақс мекарданд.

Рӯзи панҷшанбе вазъ дар хиёбони Баграмян, маҳалли асосии эътирозҳо ором буд, тазоҳургарон суруд мехонданду мерақсиданд.

Садҳо нафар дар назди бинои Кохи раёсати ҷумҳурӣ дар Ереван навбатдорӣ мекунанд ва онҳо 25 июн роҳҳои нақлиётии пур рафту омадро дар маркази шаҳр бастанд.

Рӯзи чаҳоршанбе бар рағми даъватҳои пулис барои пароканда шудан, 9 000 нафар эътирозгарон майдонро ишғол карданд. Хашми мардумӣ барои он боло гирифтааст, ки аз 1 август ҳукумат мехоҳад нархи истифодаи барқро бештар аз 16 дарсад боло бибарад.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0