Олланд коршикании ронандагони таксӣ дар Парижро маҳкум кард

© AP / Laurent CiprianiЭътирозоти ронандагони таксиҳои расмӣ алайҳи таксиҳои хусусӣ дар Лион. 25 июни соли 2015
Эътирозоти ронандагони таксиҳои расмӣ алайҳи таксиҳои хусусӣ дар Лион. 25 июни соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи панҷшанбе дар Фаронса гирдиҳамоии зиёд ва тазорҳуроте сурат гирифтанд – ронандагони таксӣ алайҳи ронандагони бидуни муҷҷавиз ва ширкати интернетии амрикоии Uber коршиканӣ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Раиси ҷумҳури панҷум Франсуа Олланд аз беназмиҳои оммавӣ, ки дар пайи эътирозоти ронандагони расмии таксӣ аз ронандагони таксиҳои хусусӣ сар зада буд, интиқод карда даъват дошт, ки фаъолияти пойгоҳи интернетии UberPOP мамнӯъ карда шавад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба шабакаи телевизионии BFMTV.

Суханронии Франсуа Олланд дар остонаи баргузории ҳамоиши ИА дар Брюсселро шабакаи телевизионии BFMTV пахш кард. Раиси ҷумҳури Фаронса тавассути ин шабакаи телевизионӣ ин эътирозотро "хушунати ғайри қобили қабул алайҳи демократия дар кишваре чун Фаронса" номид.

Рӯзи панҷшанбе дар куллияи Фаронса гирдиҳамоиҳо ва эътирозоти густурда сурат гирифтанд. Ронандаҳои таксиҳои расмӣ алайҳи ронандагони таксиҳои ғайрирасмӣ ва пойгоҳи интернетии Uber, ки шароити фармоиши таксиҳои хусусиро фароҳам меоварад, коршиканӣ карданд. Дар бархе аз шаҳрҳои Фаронса миёни ронандагони таксиҳои расмӣ ва хусусӣ даргириҳо рух доданд. Ронандагони таксиҳои расмӣ мошинҳои рақибони худро тахриб карданд. Дар бархе аз ин маворид таҷаммуъгаронро бо кӯмаки воҳидҳои вижаи пулис аз ҳам ҷудо карданд. Дастикам 10 нафар боздошт шуданд.

Баъд аз ин Олланд изҳор дошт, ки фаъолияти пойгоҳи UberPOP бояд масдуд ва алорағми қавонин дониста шавад.

Коршиканиҳои мушобеҳ алайҳи низоми VTC дар Фаронса барои бори нахуст сурат нагирифтаанд. Сабти расмии низоми VTC, ки иҷораи мошин бо ронандаашро пешниҳод мекунад, соддатар аз дарёфти муҷҷавизи ронандаи таксӣ мебошад. Ин дар ҳолест, ки барои дарёфти муҷҷавизи ронандаи таксӣ дар Париж бояд аз 50 то 250 ҳазор евро пардохт кард. Ба эътиқоди ронандагони таксӣ ин амр боъиси рақобате мешаванд, ки дар он ронандагони таксиҳои расмӣ аз оғоз дар ҳоли бохт қарор доранд.

Uber — хадамоти интернетиест, ки иҷораи таксии хусусӣ тавассути сомона ва ҳамчунин тариқи замимаҳои iPhone ва ё Androidро фароҳам мекунад. Хадамот аз барномае истифода мекунад, ки наздиктарин ронандаро ба маҳалли қарордоштаи муштарӣ мефиристад. Ширкати Uber соли 2009 таъсис шуда дафтари марказии он дар Сан-Франсиско воқеъ аст. Феълан, хадамоти Uber дар беш аз 100 шаҳри ҷаҳон имконпазир аст. Ширкат 20% ҳаққи истифода аз ҳар фармоишро ба худ ихтисос медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала