ВКД: марде аз рашк ҳамсарашро 30 корд задааст

Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти марде иттилоъ медиҳад, ки дар қатли ҳамсараш тавассути расонидани 30 захми корд гумонбар дониста мешавад.

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як сокини 25-солаи ноҳияи Ҳисорро бо гумони қатли ҳамсараш боздошт кардааст, менависад сомонаи ин ниҳод.

Дастгиршуда рӯзи 28 июни соли равон соати 21:00 собиқ ҳамсари 22-солаи худро ҳангоми бо телефони мобилӣ гап задан дида, аз ҳиссиёти рашк бо ӯ ҷанҷол мекунад.

"Гарчанде, зан исрор мекунад, ки бо бародараш суҳбат дорад, гумонбаршуда ба суханони ӯ бовар накарда, ӯро ба поёни боғи ҳавлиашон бурда, бо корд 10-12 маротиба ба қисмати шикамаш мезанад", — омадааст дар сомона.

Гумонбаршуда бо ин қаноат накарда, пас аз чанд лаҳза ба ҷойи ҳодиса бармегардад ва такроран 20-25 маротибаи дигар ба тамоми узвҳои бадани ҷабрдида бо корди дар дасташ буда зарба мезанад.

"Дар натиҷа зан бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Айни замон гумонбаршуда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбати ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ идома дорад", — хабар медиҳад ВКД.

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон ҳамсарон бо дасти шавҳарон кушта мешаванд. Чанд ҳодисаи дар гузашта аз ҷониби шавҳарон бо табару корд ба қатл расонидани ҳамсарон дар кишвар ба қайд гирифта шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала