Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Тоҷикистон ва Молдова ҳамкориҳои иқтисодиро тақвият мебахшанд

Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Молдова ҷаласае баргузор карда ва дар анҷоми он ҷонибҳо тарҳи барномаи ҳамкориҳои иқтисодиро имзо карданд, ки дар он ба бахши энержӣ, саноъат ва кишоварзӣ таваҷҷӯҳ шудааст.

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Тоҷикистон ва Молдова баъд аз таваққуфи 11 сола дар фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ тавофуқ карданд, хабар медиҳад сомонаи Комитети давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон.

Ҷаласаи дуввуми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Молдова 30 июн дар Душанбе баргузор шуд. Дар фарҷоми он ҷонибҳо тарҳи Барномаи ҳамкориҳои иқтисодиро имзо карданд.

Ҷониби Тоҷикистонро дар ин ҷаласа раиси комитети сармоягузорӣ Қодири Қосим ва ҷониби Молдоваро муъовини вазири иқтисод Удор Капоч намояндагӣ карданд.

"Ширкаткунандагони ҷаласа зикр карданд, ки зарурати ҳамкорӣ дар бахшҳои энержӣ ва саноъат, кишоварзӣ, нақлиёт, тандурустӣ ва дар тиҷорати кӯчак тавассути сармоягузорӣ ба тарҳҳои ҷолиб ва судовар вуҷуд дорад", — омадааст дар хабар.

Ширкаткунадагон ҳамчунин гуфтаанд, ки барои ҳар ду ҷониб ҳамкорӣ дар бахшҳои илм ва фанноварӣ, маориф ва ҷаҳонгардӣ аҳамият доранд.
Табодули коло миёни Тоҷикистон ва Молдова дар моҳҳои январ-майи соли 2015 $3,9 миллион шудааст, ки аз ин маблағ $1,3 миллион содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ва $2,6 миллиони боқимонда воридот аз Молдова аст.

Ҷаласаи нахустини комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова соли 2004 дар Кишинев баргузор шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала