Вазорати молияи Юнон: ИА барномаи ҷадиди бозсозиро таъйид кард

Шӯрои вазирони молияи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо барномаи ҷадиди Юнон барои бозсозиро таъйид карданд, аммо идомаи музокирот барои ироъаи кӯмакҳои молӣ ба Афина то анҷоми ҳамапурсӣ дар ин кишвар ба таъвиқ дароварда шудааст.

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Раҳбарони ниҳодҳои молии кишварҳои узви ИА аз пешниҳодоти ҷадиди Афина барои бозсозӣ истиқбол карда, вале дархости ҷузъиёти бештари натоиҷи молии он шудаанд, изҳор дошт вазири молияи Юнон Янис Варуфакис хабар медиҳад РИА Новости.

"Вузарои молия гуфтанд, ки пешниҳодоти ҷадиди Юнон дар самти дуруст таҳия шудаанд, вале ҷузъиёти бештари натоиҷи молии онро дархост карданд", — иқтибос овардааст нашрияи The Wall Street Journal аз суханони вай.

Ёдовар мешавем, ки Юнон бозпасдиҳии бахши моҳи июнии қарзҳо ба СБП-ро анҷом надод ва маблағи умумии қарзҳо $1,6 миллиард мебошад. Қарздиҳандагон ба бозпардохти қарзҳо пофишорӣ доранд ва мувофиқ нестанд, ки иқтисоди кишвар дар ҳоли уфт қарор дорад. Онҳо иддаъо доранд, ки идомаи ироъаи кӯмакҳои молӣ барои Афина дар сурати анҷоми ислоҳоти сангини ҷадид имконпазир хоҳад буд.

Юнон маблағҳоро бозпас намедиҳаду ҳамапурсӣ баргузор мекунад

Раҳбари ҳукумати Юнон Алексис Тсипрас бо чунин шароит муовиқ нест. Вай дар рӯзи 5 июл баргузории ҳамапурсиро таъйин кард ва аз сокинони кишвар даъват кард, ки пешниҳодоти қарздиҳандагон аз ИА пуштибонӣ накунанд.

Рӯзе қабл Йерун Дейсселблум, раҳбари Шӯрои вазирони молияи кишварҳои узви ИА изҳор дошт, ки ин ниҳод тасмим гирифтааст дар мавриди аз сар гирифтани музокирот барои ироъаи кӯмакҳои молӣ ба Юнон то замони эъломи натоиҷи ҳамапурсӣ иқдом накунад.

Иттиҳодияи Аврупо аз тасмими ҳукумати Алексис Тсипрас мабнӣ бар баргузории ҳамапурсӣ хуш истиқбол накард ва талош дорад, ки Афина пешниҳодоти қарздиҳандагонро бипазираду махориҷи иҷтимоии будҷаро коҳиш бидиҳад, то кишвар тавонад қарзҳои худро баргардонад.

© ИнфографикаОпрос: Европа не готова платить по греческим долгам Sputnik
Опрос: Европа не готова платить по греческим долгам  Sputnik - Sputnik Тоҷикистон
Опрос: Европа не готова платить по греческим долгам Sputnik
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала