Иҷозаи вуруди дубора ба ФР ба беш аз 1000 шаҳрванди ҶТ дода шуд

Иҷозаи вуруди дигарбораи шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русия дар мувофиқа ва гуфтушуниди дуҷонибаи хадамотҳои муҳоҷирати ҳар ду кишвар ба даст омадааст.

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Мақомоти Русия ба беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозаи дубора ворид шудан ба қаламрави кишварашро додааст, иттилоъ медиҳад Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон.

Дар ин феҳраст беш аз 950 муҳоҷири меҳнатӣ ва 190 донишҷӯи тоҷик, ки дар омӯзишгоҳҳои Русия таҳсил менамуданду бо сабабҳои мухталиф иҷозаи вуруд ба ин кишварро надоштанд, дубора имтиёзи сафар ба Русияро пайдо кардаанд.

"Ин афрод бо кумак ва мусоидати бевоситаи Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Константин Ромодановский, роҳбарияти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия имкони дубораи вуруд ба қаламрави Русияро пайдо карданд",-иброз доштааст сухангӯи Хадамоти муҳоҷират Абдулло Қодирӣ.

Ба иттилоъи манбаъ, бо мақсади бартараф кардани мушкилот ва проблемаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандоне, ки воридшавии онҳо ба Русия манъ шудааст, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлӣ дар якҷоягӣ бо Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия гуруҳи экспертӣ ташкил карда, аз рӯйи 5 категория (табақа) шаҳрвандон аз рӯйхати манъшудагон озод мешаванд".

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала