Фурудгоҳ: дар сурати гармии бештар ҷадвали парвозҳо тағйир меёбад

© SputnikФурудгоҳи Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Фурудгоҳи Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи фурудгоҳ гуфтаас, ҳоло фурудгоҳ ба фаъолияти муътадили худ идома медиҳад, аммо ҳамаи техника барои гармии бештар дар ҳолати омодабош қарор дорад.

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар сурати аз меъёр зиёд шудани гармии ҳаво, қабул ва гусели ҳавопаймоҳои гаронвазнро шабона ё дар соатҳое ба роҳ мемонад, ки ҳарорат муътадил аст, навиштааст хабаргузории "Озодагон".

Бор кардани бағоҷ ба ҳавопаймо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Фурудгоҳи Душанбе аз мусофирон 344 шикоят гирифтааст

Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи ин ниҳод ба хабаргузорӣ гуфтааст, аэродром ё қисми дохили фурудгоҳ, ки ба ҳавопаймоҳо хизмат мерасонад, майдони васеи бе дарахт аст ва дар чунин рӯзҳои гармои тобистон аз дигар мавзеъҳо дида гармтар мешавад.

"Ба он нигоҳ накарда, ки рӯзона ҳарорати ҳаво баланд мешавад, фурудгоҳи Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои ба мавсими баҳору тобистон пешбинишуда ба ҳавопаймоҳо хизматрасониҳои рӯизаминӣ ва муҳандисиву техникӣ мерасонад", — гуфтааст ҷаноби Шодиев.

Мувофиқи технологияи хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо дар сурати аз меъёр зиёд шудани ҳарорат чораҳои алоҳида дида мешавад.

"Аз ҷумла бо назардошти баландшавии ҳарорати ҳаво вазни ҳавопаймоҳои боркаш кам шуда, қабул ва гусели ҳавопаймоҳои гаронвазн дар соатҳое, ки ҳарорат муътадил мешавад ё шабона сурат мегирад", — илова кардааст сухангӯи фурудгоҳ.

Вай афзудааст, феълан фурудгоҳ фаъолияти муътадил дорад, ҳич дигаргуние дар ҷадвали парвоз ва ё нишасти ҳавопаймоҳо ворид нашудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, фурудгоҳ, бо назардошти пешгирӣ аз ҳар гуна ҳолатҳои садамавии вобаста ба гармо дар ҷойҳои алоҳидаи фурудгоҳ мошинҳои сухторнишонӣ ва ёрии таъҷилӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала